Даъвати Ш.Зуҳуров аз тоҷирони туркӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо

Дар доираи сафари корӣ ба Туркия раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳайати ҳамроҳони вай ба шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия ташриф оварда, нахуст оромгоҳи шоирон, олимон ва мутафаккиронии бузурги олами Шарқ Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ ва Шамси Табрезиро зиёрат намуданд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар, маъмурияти оромгоҳ ба […]

ASIA-Plus


Дар доираи сафари корӣ ба Туркия раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳайати ҳамроҳони вай ба шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия ташриф оварда, нахуст оромгоҳи шоирон, олимон ва мутафаккиронии бузурги олами Шарқ Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ ва Шамси Табрезиро зиёрат намуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар, маъмурияти оромгоҳ ба Шукурҷон Зуҳуров ду ҷилди ба тозагӣ ба нашр расидаи китоби «Девони кабир»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румиро ҳамчун расми эҳтиром ба сиёсатмадори шинохта тақдим намуд.

Ба иттилои манбаъ, дар роҳи бозгашт ба ватан аз Туркия Шукурҷон Зуҳуров бо тоҷирони шаҳрҳои Истанбулу Кунияи ин кишвар мулоқот анҷом дод.

«Дар ҷараёни мулоқот бо тоҷирони туркӣ раиси Маҷлиси намояндагон барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Туркия як қатор таклифу пешниҳодҳои ҷолиб ироа намуда, онҳоро ба ҳарчи бештар густариши додани ҳамкориҳо бо Тоҷикистон даъват кард», – гуфта мешавад дар иттилои хадамоти матбуоти МН МО ҶТ.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин изҳор намудааст, ки алҳол дар Тоҷикистон 64 корхонаҳои муштарак ва корхонаҳо бо сармояи туркия ба қайд гирифта шуда фаъолият менамоянд. «Корхонаҳои бо сармояи туркия амалкунанда инҳо мебошанд: «Азия- Трейдинг Шипинг Со», «Аге-Текар», «Комбинед –Аге-Текар», «Миск Интернейшнл Лтд», «Текмаксан», «Центр Азия Дистрибьюшин», «Осмони соф». Асоси фаъолияти ин корхонаҳо барои тиҷорат, сохтмон, хизматрасонӣ ва дигарҳо нигаронида шудааст. Ширкатҳои сохтмонии турки «ЕNКА» «Озгюн Иншаат Таахют ве Иншаат» меҳмонхонаи панҷситорадор ва Марказҳои тиҷоратро ба сифати баланд сохта ҳоло мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд», – иброз доштааст ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.