Кӯмаки низомии Ҳиндустон ба Тоҷикистон

Ҳиндустон ба Тоҷикистон ба маблағи 5,5 млн. доллари ИМА кӯмаки техникиву низомӣ расонид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, Ҳиндустон ба артиши Тоҷикистон як чархболи русии МИ-8 ва 6 мошини низомии боркаш дод. «Дар маросими тақдими кӯмак вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев изҳор кард, ки ҳамкории низомии Точикистону Ҳинд […]

Аваз Юлдошев


Ҳиндустон ба Тоҷикистон ба маблағи 5,5 млн. доллари ИМА кӯмаки техникиву низомӣ расонид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, Ҳиндустон ба артиши Тоҷикистон як чархболи русии МИ-8 ва 6 мошини низомии боркаш дод.

«Дар маросими тақдими кӯмак вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев изҳор кард, ки ҳамкории низомии Точикистону Ҳинд ба нафъи амнияти минтақа хидмат хоҳад кард», – гуфт вай.

Номбурда таъкид намуд, ки дар соҳаи низомиву техникӣ Тоҷикистону Ҳиндустон шурӯъ аз соли 2002 ҳамкориҳоро ба роҳ мондаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.