Ташрифи сардори Ситоди кулли ҚМ Русия ба Тоҷикистон

Як ҳайати низомии Русия таҳти сарварии сардори ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия генерал-полковник Валерий Герасимов имрӯз ба Душанбе ташриф меорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иттилоъ дод, сафари дурӯзаи сардори Ситоди кулли Қвваҳои Мусаллаҳи Русия ба Тоҷикистон ба баррасии масоили ҳамкориҳои низомӣ ва низомиву техникӣ миёни Тоҷикистону Русия марбут аст. […]

Аваз Юлдошев


Як ҳайати низомии Русия таҳти сарварии сардори ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия генерал-полковник Валерий Герасимов имрӯз ба Душанбе ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иттилоъ дод, сафари дурӯзаи сардори Ситоди кулли Қвваҳои Мусаллаҳи Русия ба Тоҷикистон ба баррасии масоили ҳамкориҳои низомӣ ва низомиву техникӣ миёни Тоҷикистону Русия марбут аст.

Ба иттилои манбаъ, аз мулоқотҳои В.Герасимов бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев интизорӣ меравад. Дар вохӯриҳо баррасии маҷмӯи масоили гуногун дар доираи ҳамкориҳои низомии кишварҳо дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли 2012 бо пешниҳоди Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия Валерий Герасимов сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, муовини аввали вазири мудофиаи Русия таъин гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.