Маросими муаррифии ширкати эронии металлургии RST

Чанде қабл дар Палатаи савдо ва саноати ҶТ маросими муаррифиномаи ширкати эронии «Ҳомиёни илму технология» (RST) баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, дафтари асосии кории ширкати мазкур дар шаҳри Машҳад воқеъ буда, бо истифода аз дастовардҳои навтарини илму техника, технологияҳои инноватсионӣ ва истифодаи роботҳо дар истеҳсолот, ширкат ба истеҳсолу фурӯши пӯлод, арматураи […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Палатаи савдо ва саноати ҶТ маросими муаррифиномаи ширкати эронии «Ҳомиёни илму технология» (RST) баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, дафтари асосии кории ширкати мазкур дар шаҳри Машҳад воқеъ буда, бо истифода аз дастовардҳои навтарини илму техника, технологияҳои инноватсионӣ ва истифодаи роботҳо дар истеҳсолот, ширкат ба истеҳсолу фурӯши пӯлод, арматураи сохтмонӣ ва ашёи хом барои он машғул аст.

Дар маросими муаррифӣ пешниҳод гардид, ки арматураи истеҳсоли ин ширкат дар бозори Тоҷикистон ба фурӯш бароварда шавад, то ки истеъмолгарон барои муқоисаву интихоб имкон дошта бошанд.

Зимни суханронӣ дар ин маросим муовини раиси ПСС ҶТ Асаналӣ Карамалиев таъкид намуд, ки айни замон дар Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ дар бахшҳои гуногун босуръат идома доранд, аммо масолеҳи ширкатҳои истеҳсолкунандаи арматура на ҳамеша ба талаботи фармоишгар ҷавобгӯ аст. «Дар шароити бозор бошад, истеъмолгар бояд барои интихоб ҳуқуқ ва рақоботи озод мавҷуд бошад», – гуфт вай.

Карамалиев ҳамкорӣ бо ширкати эрониро муфид арзёбӣ намуда, аз намояндагони ширкат даъват ба амал овард, ки бо маҳсулоти худ дар намоигоҳи навбатии эронӣ дар ҶТ иштирок намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.