Вагонҳои боркаши «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 50 адад зиёд шуд

Рӯзи панҷшанбе ба парки техникии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 50 адад вагонҳои нави замонавии боркаш ворид гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов хабар дод, вагонҳои нав аз корхонаи вагонсозии Крюковои Украина оварда шуда, ҳаҷми борбардории ҳар кадоме аз вагонҳо 70 тоннаро ташкил медиҳад. «Аввали сол мо бо корхонаи […]

Пайрав Чоршанбиев


Рӯзи панҷшанбе ба парки техникии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 50 адад вагонҳои нави замонавии боркаш ворид гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов хабар дод, вагонҳои нав аз корхонаи вагонсозии Крюковои Украина оварда шуда, ҳаҷми борбардории ҳар кадоме аз вагонҳо 70 тоннаро ташкил медиҳад.

«Аввали сол мо бо корхонаи Крюково барои дастрасии 100 адад вагони боркаш қарордод ба имзо расонида, миқдори аввали он иборат аз 50 вагон феълан ва 50 адад вагони боқимонда ояндаи наздик ворид мегарданд», – иброз дошт вай.

Ба қавли Собкалов, давоми соли равон харидории дигар техника низ дар назар буда, ҳамааш ба ҳаҷми даромади корхона вобаста аст.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта корхона 306 адад вагони боркаш, 15 адад вагони мусофирбар ва 306 адад тепловоз дастрас намуда буд. Бо назардошти вагонҳои феълан воридгардида, айни замон парки техникии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз  2 ҳазору 169 вагони боркаш, 432 вагони мусофирбар ва 59 тепловоз иборат аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.