Баррасии дурнамои рушди нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар машварат

Бахшида ба «Рӯзи нерӯгоҳҳои барқии хурд дар Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе дар маҷлисгоҳи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо гузаронидани машварат дар мавзӯи «Рӯзи нерӯгоҳҳои барқии хурд дар Тоҷикистон: таҷриба ва пешравӣ» дар назар аст. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, машварат таҳти сарпарастии Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва бо дастгирии […]

ASIA-Plus


Бахшида ба «Рӯзи нерӯгоҳҳои барқии хурд дар Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе дар маҷлисгоҳи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо гузаронидани машварат дар мавзӯи «Рӯзи нерӯгоҳҳои барқии хурд дар Тоҷикистон: таҷриба ва пешравӣ» дар назар аст.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, машварат таҳти сарпарастии Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва бо дастгирии намояндагии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ва барномаи «Рушди нерӯгоҳҳои барқии хурд дар Тоҷикистон» созмон дода мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар машварат Консепсияи ҷалби сармоя ба нерӯгоҳҳои хурди Тоҷикистон муаррифӣ гардида, масъалаҳои пешбинии рушди нерӯгоҳҳои барқии хурди Тоҷикистон, натиҷаҳои корҳои баанҷомрасида ва ҳалли онҳо дар самти рушди нерӯгоҳҳои барқии хурди Тоҷикистон ва пешравии чорабиниҳо оид ба тарақиёти сектори нерӯгоҳҳои хурд дар оянда мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар машварат намояндагони мақомоту идораҳои расмӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, САҲА дар Тоҷикистон, Маркази рушди нерӯгоҳҳои барқии хурд, ШСХК Барқи Тоҷик, Бонки байналмилалӣ, ширкати Помир энерҷи, Барномаи норвегию-тоҷикии Рушди нерӯгоҳҳои барқии хурд дар Тоҷикистон, Барномаи рушди СММ, Ташкилоти байналмиллалии молиявӣ (МФК) иштирок хоҳанд кард.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон 282 адад нерӯгоҳҳои хурди барқӣ бо иқтидори умумии 25,2 ҳазор кВт/соат мавҷуд мебошанд. Сохтмони боз 14 чунин нерӯгоҳҳои хурд идома дошта, соли гузашта 17 адад нерӯгоҳҳои хурди барқӣ мавриди амал қарор гирифтанд, ки иқтидори умумиашон ба беш аз 1,8 ҳазор кВт/соат баробар аст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ба аввали моҳи феврали соли равон шумори нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар Тоҷикистон 305 ададро ташкил медиҳад, ки иқтидори умуиашон ба зиёда аз 25,5 ҳазор кВт/соат баробар аст. Ба иттилои манбаъ, аз шумори умумии ин нерӯгоҳҳои хурд айни замон танҳо 202 ададаш (беш аз 19,8 ҳазор кВт/соат) фаъол буда, 103 адади боқимонда (ҳудуди 5,7 ҳазор кВт/соат) кор намекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.