Суғд: Ба ҷарии 300-метра сарозер рафтани автомашина

Date:


Бар асари ба ҷарии 300-метра сарозер рафтани автомашина дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ронанда ҳалок ва мусофири он ба бемористон бистарӣ шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, рӯзи якшанбе зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, дар километри 153-уми роҳ ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини ноҳияи Ҳисор, донишҷӯи соли сеюми Донишкадаи ҳуқуқ ва андози шаҳри Душанбе Бахтовар Нуралиеви 25-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба ҷарӣ сарозер меравад.

«Дар натиҷа ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири он – сокини 26-солаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Мақсуд Сангинов бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористони ноҳияи Айнӣ бистарӣ шудааст», – гуфтанд дар раёсати мазкур.

Бино ба маълумоти Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, моҳи феврали соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 45 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли гузашта – 41 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, бар асари он 21 нафар ҳалок (соли 2012 – 24 нафар) ва 51 нафар (соли 2012-38 нафар) ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...