Суғд: Ба ҷарии 300-метра сарозер рафтани автомашина

Бар асари ба ҷарии 300-метра сарозер рафтани автомашина дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ронанда ҳалок ва мусофири он ба бемористон бистарӣ шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, рӯзи якшанбе зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, дар километри 153-уми роҳ ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини ноҳияи Ҳисор, донишҷӯи […]

Мавлуда Рафиева


Бар асари ба ҷарии 300-метра сарозер рафтани автомашина дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ронанда ҳалок ва мусофири он ба бемористон бистарӣ шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, рӯзи якшанбе зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, дар километри 153-уми роҳ ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини ноҳияи Ҳисор, донишҷӯи соли сеюми Донишкадаи ҳуқуқ ва андози шаҳри Душанбе Бахтовар Нуралиеви 25-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба ҷарӣ сарозер меравад.

«Дар натиҷа ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири он – сокини 26-солаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Мақсуд Сангинов бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористони ноҳияи Айнӣ бистарӣ шудааст», – гуфтанд дар раёсати мазкур.

Бино ба маълумоти Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, моҳи феврали соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 45 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли гузашта – 41 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, бар асари он 21 нафар ҳалок (соли 2012 – 24 нафар) ва 51 нафар (соли 2012-38 нафар) ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд