Воридоти бензин ба кишвар ба сифр баробар шуд

Тамоми муддати моҳи феврал ба Тоҷикистон тавассути роҳи оҳан ягон литр бензин ворид нашудааст. Дар ин бора маълумоти омории КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» гувоҳӣ медиҳад: моҳи феврал ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 15,1 ҳазор тонна 251 адад вагони дорои маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, вале миёни онҳо бензин мавҷуд нест. Маҳсулоти нафтии дар ин давра воридшуда аз […]

Заррина Эргашева


Тамоми муддати моҳи феврал ба Тоҷикистон тавассути роҳи оҳан ягон литр бензин ворид нашудааст. Дар ин бора маълумоти омории КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» гувоҳӣ медиҳад: моҳи феврал ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 15,1 ҳазор тонна 251 адад вагони дорои маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, вале миёни онҳо бензин мавҷуд нест.

Маҳсулоти нафтии дар ин давра воридшуда аз сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳо – 10,5 ҳазор тонна, сӯзишвории дизелӣ – 1,7 ҳазор тонна, мазут – 1 ҳазору 109 тонна, битум – 1 ҳазору 42 тонна ва ранҳои молиданӣ – 652 тонна иборат аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ дар ин робита хабар доданд, ин нишондиҳандаҳо гувоҳи онанд, ки воридкунандагон мавриди амал қарор гирифтани созишнома дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротиро интизоранд.

«Айни замон харидани бензин ва дигар маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба нафъи воридкунандагон нест, зеро онҳо аз он нигаронӣ мекунанд, ки ба наздикӣ созишнома бо Русия мавриди амал қарор мегираду маҳсулоти арзонтар ворид мегардад ва онҳо дар муҳлати кӯтоҳ онро фурӯхта наметавонанд», – гуфтанд дар вазорат.

Дар ҳамин ҳол, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳолати мавҷуд набудани воридоти маҳсулот ҳам, бозори сӯзишвории ҷумҳурӣ устувор боқӣ монда, болоравии нарх ба назар намерасад. Шояд ин ба он вобаста бошад, ки дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ боқимондаҳои моҳи январ фурӯхта мешаванд, аммо фарзияи марбут ба фурӯши сӯзишвории тариқи қочоқ воридшуда ҳам, ки миқёси онро касе намедонад, низ аз эҳтимол дур нест.

Тибқи маълумоти вазорату идораҳои дахлдор, талаботи шабонарӯзии ҷумҳурӣ ба бензин аз 1 ҳазору 300 тонна то 1 ҳазору 600 тоннаро ташкил медиҳад. Талаботи моҳонаи Тоҷикистон ба бензин ба ҳисоби миёна ҳудуди 45-49 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноат, моҳи январ ба Тоҷикистон ҳамагӣ 9 ҳазор тонна бензин ворид карда шудааст.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи феврали соли ҷорӣ миёни Тоҷикистону Русия дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. тонна дар як сол бидуни пардохти боҷи содиротӣ созишнома ба имзо расид, вале он ҳоло мавриди амал қарор нагирифтааст. Бино ба маълумоти ахир аз мақомоти дахлдор, созишнома ҳатто моҳи март ҳам шояд мавриди амал қарор нагирад.

Мохи январи соли равон ба Тоҷикистон 30 ҳазору 619 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба моҳи январи соли 2012 баробари 6 ҳазору 804 тонна камтар мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.