Ифтитоҳи маркази омӯзишӣ барои кормандони низоми иҷрои ҷазо

Чанде қабл бо иштироки ҳайати бритониёӣ таҳти сарварии узви Палатаи Лордҳои Парлумони Британияи Кабир, баронесса Вивйен Стерн дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи маркази омӯзишӣ барои кормандони низоми иҷрои ҷазо дар заминаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия баргузор шуд. Қобили зикр аст, ки Британияи Кабир баҳри таъмини маркази мазкур бо 10 таҷҳизоти компютерӣ ва мебел […]

Наргис Ҳамробоева


Чанде қабл бо иштироки ҳайати бритониёӣ таҳти сарварии узви Палатаи Лордҳои Парлумони Британияи Кабир, баронесса Вивйен Стерн дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи маркази омӯзишӣ барои кормандони низоми иҷрои ҷазо дар заминаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия баргузор шуд.

Қобили зикр аст, ки Британияи Кабир баҳри таъмини маркази мазкур бо 10 таҷҳизоти компютерӣ ва мебел 15 ҳазор фунт стерлинг маблағ ҷудо кард.

Зимни суханронӣ дар ин маросим Вивйен Стерн изҳор намуд, ки дар саросари ҷаҳон муассисаҳои ислоҳӣ ба мушкилот мувоҷеҳанд ва кормандони ин бахш бояд ҳамеша донишу малакаҳои худро такмил диҳанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон Зариф Ализода таъкид дошт, ки ифтитоҳи марказ барои ҳама муфид буда, соли гузашта худи ӯ бо кормандон ин бахш якчанд тренингҳо доир намудааст ва аз серкории беҳад зиёди онҳо ба хубӣ воқиф мебошад.

Муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Баҳром Абдулҳақов илова намуд, ки зимни машғулиятҳо дар марказ меъёрҳои байнулмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ҷорисозии он дар амал корбурд хоҳанд шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд