Дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон вохӯрии муовини раиси ПСС ҶТ Лариса Кислякова бо мушовири Барномаи рушди СММ оид ба арзёбии марҳилаи сеюми лоиҳаи мусоидат ба тиҷорат баргузор шуд.
Тавре аз маркази матбуоти ПСС ҶТ иттилоъ доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ масоили амалисозии лоиҳаи Барномаи рушди СММ оид ба дастгирии барномаи мусоидат ба тиҷорат дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд. Барномаи рушди СММ Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистонро дар амалисозии лоиҳаи мазкур, ки соли 2014 пешбинӣ шудааст, шарик медонад.
«Дар мулоқот ҳамчунин атрофи самтҳои фаъолияти муштарак дар доираи лоиҳа табодули назар сурат гирифта, баҳри омодагии шоиста қабл аз ҳама беҳбуди имконоти кормандони ПСС, доираҳои тиҷоратӣ оид ба масоили пешбурди савдо, мавриди истифода қарор гирифтани меъёр ва тартиботи Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар амал, иштирок дар намоишгоҳу ярмаркаҳо ва омӯзиши кори ташкили намоишгоҳҳо таъкид гардид», – гуфтанд дар хадамоти матуботи ПСС ҶТ.



