Тоҷикистон аз рӯйхати «душманони интернет» дар канор монд

spot_imgspot_img

Дата:


Созмони байнулммилалии «Хабарнигорони бидуни марз» рӯзи 12-уми март рӯйхати нави ҳамасолаи давлатҳои «душманони интернет»-ро интишор кард, ки соли равон ба назорат аз болои интернет ва пайгирии корбарони он бахшида шудааст.

Муаллифони гузориш Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои «душманони интернет» шомил накарда, аммо зикр намудаанд, ки ба ҳар ҳол дар Тоҷикистон сензураи оммавии интернет ба мушоҳида мерасад. «Соли 2012 танҳо сомонаи агентии иттилоотии «Азия-Плюс» се маротиба баста шуда, он замон ширкатҳои фароҳамсози интернет маҳдудияти дастрасиро ба мушкилоти фаннӣ нисбат доданд», – баён мегардад дар гузориш.

Ҳамчунин дар гузориши созмони «Хабарнигорони бидуни марз» гуфта мешавад, қатъи фаъолияти сомона ба баъзе хисороти молӣ ва ба то андозае аз даст додани нуфузи агентӣ боис гардидааст.

Бино ба маълумоти созмон, соли гузашта як муддате ҳамчунин дастрасӣ ба сомонаҳои хабаргузориҳои


РИА «Новости»,  Lenta.ru,  Vesti.ru, Fergananews.com, ВВС ва Centrasia.ru низ қатъ гардида буд.

Созмон ишора мекунад, ки ҳарчанд Тоҷикистон ба сафи кишварҳои душманони интернет шомил нагардида бошад ҳам, «вале возеҳ аст, ки баҳри соли оянда ба ин рӯйхат ворид гардидан, Душанбе тамоми кори аз дасташ меомадаро ба сомон мерасонад, ки метавонад ба обрӯву нуфузи Тоҷикистон таъсири манфӣ гузорад».

Муаллифони гузориш бар ин назаранд, ки ҳукуматдорони тоҷик бо пайравӣ аз Қазоқистон мунтазам дастрасӣ ба сомонаҳоро қатъ намуда, ба таҷрибаи бадтарини Ӯзбекистону Туркманистон дар ин самт наздик шудан доранд.

Дар гузориши нав созмони «Хабарнигорони бидуни марз» ба панҷ кишвари душманони интернет – Вйетнам, Сурия, Чин, Баҳрайн ва Эрон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онҳоро «ҷосуҳои хеле фаъол» номидааст, ки мунтазам интернетро баҳри мубориза бо дигарандешӣ таҳти назорат қарор додаанд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...