Шабакаи телевизиони форсизабони Nex1TV дар Душанбе барномаи махсусеро оид ба иди миллии Наврӯз ба навор мегирад.
Тавре зимни мусохиба ба ОИ «Азия-Плюс» сароянда Ҷонибек Муродов гуфт, чанд рӯз пеш ба навворгирии филми мусиқавӣ шурӯъ шудааст. Дар он сарояндагоне чун Шабнами Сурайё, Садриддини Наҷмиддин, Меҳрнигори Рустам, Валиҷон Азизов ва дигарон иштирок менамоянд.
Ҳамчунин барои ба наворгирии барномаи мусиқавӣ оид ба иди баҳор – Наврӯз ба Душанбе аз ИМА сарояндагони форсизабон Мансур, Афшин ва Бежан омадаанд. Ҷонибек Муродов изҳор намуд, ки алҳол барномаи консертӣ дар Боғи Ирам (собиқ боғи ботаникӣ) ба навор гирифта мешавад.
Масъулони ин шабака мегӯянд, ҳадаф аз сабти барномаи вижаи наврӯзӣ ошно намудани халқҳои дигар бо ин ҷашни бостонии форсизабонон аст, ки аз ҷониби СММ чун ҷашни байнулмилалӣ эътироф шудааст.



