Имзои 2 санади ҳамкорӣ дар форуми соҳибкорони Тоҷикистону Австрия

Нимаи дуюми рӯзи 13-уми марти соли равон дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Австрия Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳайнтс Фишер форуми соҳибкорони ду кишвар доир гардид. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ дар форум сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки ҳоло беш аз 400 лоиҳаи сармоягузорӣ таҳия шуда, ба […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми рӯзи 13-уми марти соли равон дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Австрия Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳайнтс Фишер форуми соҳибкорони ду кишвар доир гардид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ дар форум сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки ҳоло беш аз 400 лоиҳаи сармоягузорӣ таҳия шуда, ба шарикони рушд ва дигар хоҳишмандон пешниҳод гардидааст ва аксари ин лоиҳаҳо ба ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, зербинои нақлиётию ҷаҳонгардӣ ва дигар бахшҳои бунёдии иқтисоди миллӣ нигаронида шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони Австрияро ба густариши робитаҳо даъват намуда, таъкид дошт, ки «ҳангоми таҳияи нақшаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон бояд талаботи рӯзафзуни бозорҳои Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои минтақаи мо ба инобат гирифта шавад».

Президенти Ҷумҳурии Австрия Ҳайнтс Фишер низ Тоҷикистонро кишвари дорои имконоти беандозаи рушди иқтисод ва тиҷорат номида, соҳибкорони кишвари худро ба тавсиаи ҳамкорӣ бо он ташвиқ намуд.

Дар фароварди ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар боз 2 санади ҳамкорӣ –  Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни КВД Тоҷикаэронавигатсия ва ширкати австриягии FrequentisAG ва Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва ширкати австриягии ASKINDCo дар бораи ба роҳ мондани ҳамкории илмӣ дар соҳаи тандурустӣ ба имзо расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.