Норак: Гумонбарии ду соҳибкор ба ташкили қиморхона

Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ду нафар соҳибкори шаҳри Норак ба гумони ғайриқонунӣ роҳандозӣ намудани фаъолияти марбут ба нигоҳдории қиморхона (казино) ҷиҳати баррасии минбаъда ба суд фиристода шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари прокурори вилояти Хатлон Варқа Зайниддинов хабар дод, дар ҷараёни тафтишот ошкор шудааст, ки соҳибкор И.Сафаров бо роҳи ғайриқонунӣ ва бидуни ҳеҷ гуна иҷозатнома […]

Сайраҳмон Назриев


Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ду нафар соҳибкори шаҳри Норак ба гумони ғайриқонунӣ роҳандозӣ намудани фаъолияти марбут ба нигоҳдории қиморхона (казино) ҷиҳати баррасии минбаъда ба суд фиристода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари прокурори вилояти Хатлон Варқа Зайниддинов хабар дод, дар ҷараёни тафтишот ошкор шудааст, ки соҳибкор И.Сафаров бо роҳи ғайриқонунӣ ва бидуни ҳеҷ гуна иҷозатнома дар яке аз биноҳои бозори марказии шаҳр 19 адад автоматҳои бозӣ гузошта, аз онҳо даромади ғайриқонунӣ ба даст меовардааст.

Ба қавли ӯ, соҳибкори дигар А.Маҷидов низ бидуни иҷозатнома дар яке аз толорҳои ин бозор ба ин монанд автоматҳои бозиро насб кардааст.

Зимнан зикр гардид, ки дар робита ба ин амалҳо прокуратураи шаҳри Норак нисбати ду соҳибкори зикршуда мутобиқи моддаи 240-и КҶ ҶТ (Ташкил  ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуда, он ҷиҳати баррасии минбаъда ба суди шаҳри Норак ирсол шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.