Туҳфаҳои президент ба тарбиятгирандагони хонаи кӯдакони Темурмалик

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи кӯдакони ятиму бепарастори деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик ташриф оварда, бо тарбиятгирандагони он ва мардуми ноҳия мулоқот намуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарварид давлат, дар роҳи ҳаракат ба сӯйи хонаи кӯдакон Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди намоишгоҳи наврӯзӣ гардид. Дар ин ҷо мардуми ҳунарманди ноҳия маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили хӯроку […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи кӯдакони ятиму бепарастори деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик ташриф оварда, бо тарбиятгирандагони он ва мардуми ноҳия мулоқот намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарварид давлат, дар роҳи ҳаракат ба сӯйи хонаи кӯдакон Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди намоишгоҳи наврӯзӣ гардид. Дар ин ҷо мардуми ҳунарманди ноҳия маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили хӯроку шириниҳои наврӯзӣ, суманак, либосҳои миллии тоҷикӣ бо гулдӯзию зардӯзӣ, асбобу олоти кории рӯзгор ва ҳунари волои базму тараби наврӯзӣ намоиш доданд.

Сарвари давлат ба ҳунари шогирдони мактаби гӯштигирии ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онҳо ва кулли ҷавонони дигарро ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим ҳидоят намуд. Таваҷҷуҳи хоса, ҳамчунин ба аспҳои зоти тоҷикӣ ва зиёд намудани саршумори ин зот зоҳир гардид.

Зимни шиносоӣ бо тухмиҳои ғалладона, аз ҷумла зикр гардид, ки ноҳияи Темурмалик дар гузашта яке аз бузургтарин ноҳияҳо доир ба парвиши тухмии ғалладона буд. Аз ин хотир ба масъулин дастур дода шуд, ки ин мақоми волои ноҳияро дубора барқарор намоянд.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи кӯдакон ташриф оварда, бо шароити будубоши шаборӯзӣ ва таълиму тарбияи тарбиятгирандагони он бевосита шинос шуд. Тавре аён гардид, ин муассисаи тарбиявӣ бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мавриди тармиму навсозӣ қарор гирифта, дорои шароити хуби зиндагӣ ва таълиму тарбия гардидааст.

Зикр гардид, ки аз 128 компютери ба мактабҳои ин ноҳия туҳфанамудаи Сарвари давлат 20 тоаш ба ин муассисаи таълимӣ оварда шудааст. Хонаи кӯдакони ятиму бепарастор дорои утоқҳои дарстайёркунӣ, истироҳату фароғат, хобгоҳҳои бо шароити муосир муҷҷаҳҳаз, ошхонаи барҳаво, толори калони варзишӣ ва дигар шароити зарурӣ мебошад.

Аз ҷониби сарвари давлат ба ҳамаи тарбиятгирандагони ин муассисаи иҷтимоӣ, ки шумораи умумиашон 128 нафар аст ва ҳам ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷамоати Кангурт номгӯи зиёди сарулибос, хӯроворӣ ва ширинию дигар туҳфаҳо тақдим гардид. Қобили зикр аст, ки дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай ба зиёда аз 4 ҳазор кӯдакону наврасони ҷумҳурӣ, ки аз падару модар ятим мондаанд, кӯмакҳои моддии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон расонда шуд.

Дар саҳни ҳавлии хонаи кӯдакони ятиму бепарастор Эмомалӣ Раҳмон бо устодону тарбиятгирандагони он ва ҳам роҳбарону фаъолони ноҳияи Темурмалик мулоқоти судманд анҷом дод. Зимни суханронии сарвари давлат, аз ҷумла зикр гардид, ки тамоми хонаҳои кӯдакони ятиму бепарастор, мактаб интернатҳо ва дигар муассисаҳои иҷтимоии кишвар бар замми таъминоти мутамаркази давлатӣ барои дастгирию нигаҳбонии иловагӣ ба вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ вобаста шудаанд.

Ғайр аз ин, президенти кишвар н дастур дод, ки дар муддати кӯтоҳ харҷномаи тармиму навсозии тамоми чунин муассисаҳои тармимталаб, аз ҷумла мактаб интернати Кангурт, таҳия ва ба президенти кишвар барои чораандешӣ пешниҳод карда шавад. Дастур дода шуд, ки дар назди хонаи кӯдакони ятиму бепарастори деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик як бинои алоҳидаи таълимӣ низ бо тамоми шароити муосири зарурӣ бунёд карда шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.