Таҷлили ҷашни Наврӯз дар қароргоҳи СММ

Чанде қабл дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи байнулмилалии Наврӯз як чорабинии махсус баргузор шуд. Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, зимни суханронӣ назди ҳозирин Дабири кулли СММ Пан Ги Мун таъкид дошт, ки ин ҷашн рамзи ҳамоҳангӣ бо табиат, ҳамраъйии мардумӣ ва иқдомоти тоза аст. «Ин ҳамон арзишҳое […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи байнулмилалии Наврӯз як чорабинии махсус баргузор шуд.

Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, зимни суханронӣ назди ҳозирин Дабири кулли СММ Пан Ги Мун таъкид дошт, ки ин ҷашн рамзи ҳамоҳангӣ бо табиат, ҳамраъйии мардумӣ ва иқдомоти тоза аст.

«Ин ҳамон арзишҳое мебошанд, ки ба мо ҷиҳати ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва ҳалли мусолиматомези низоъҳо заруранд», – изҳор намуд Пан Ги Мун.

Ёдрас мекунем, ки 23-юми феврали соли 2010 бо ташаббуси Тоҷикистон, Озарбойҷон, Албания, Афғонистон, Македония, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Туркия Маҷмаъи Умумии СММ санаи 21-уми мартро Рӯзи байнулмилалии Наврӯз эълон кард.

Айни замон дар Эрону Афғонистон санаи 21-уми март ҳамчун оғози Соли нав ҷашн гирифта шуда, дар Тоҷикистон, Озарбойҷон, Тотористон, Бошқирдистон, Доғистон ва дигар манотиқи Русия, ҳамчунин дар ноҳияи Синтзяни Уйғури Чин, Албания, Курдистони Ироқ, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Македония, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳамчун ҷашни давлатӣ таҷлил мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.