ВКД: Барои ҷустуҷӯи хурдсолон аз тамоми имконот истифода мешавад

Аз ҷустуҷӯи ду нафар духтарчаи хурдсол, ки шоми 25-уми март дар яке аз кӯчаҳои серодами пойтахт бедарак шуданд, то ҳанӯз ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ба ҷустуҷӯи хурдсолони гумшуда кормандони соҳибтаҷрибаву беҳтарини Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД, кормандони фаврии Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, сагҳои хизматӣ ва даҳҳо […]

ASIA-Plus


Аз ҷустуҷӯи ду нафар духтарчаи хурдсол, ки шоми 25-уми март дар яке аз кӯчаҳои серодами пойтахт бедарак шуданд, то ҳанӯз ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ба ҷустуҷӯи хурдсолони гумшуда кормандони соҳибтаҷрибаву беҳтарини Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД, кормандони фаврии Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, сагҳои хизматӣ ва даҳҳо нафар ихтиёриён ҷалб шудаанд.

Сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев дар ин робита зикр кард, ки тамоми фарзияҳои ҳодисаи мазкур мавриди таҳқиқ қарор дошта, баҳри пайдо кардани маълумот ва дарёфти ҳарчи зудтари онҳо аз тамоми имконоти мавҷуда истифода мешавад.

Бино ба маълумоти Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД, тамоми мавзеъҳои гирду атрофи макони ҳодиса мавриди назорат ва ҷустуҷӯ қарор дорад, зеро макони бедаракшавии духтарчаҳо ҷойи пуриздиҳом буда, онҷо марказҳои тиҷоратӣ, вокзал бозор ва иншооти зиёди бахши хусусӣ воқеъ аст.

Ба ҷустуҷӯ ҳамчунин ихтиёриёни гурӯҳи махсуси дар ин робита таъсисёфта дар шабакаи Фейсбук низ пайвастаанд. Чанде қабл онҳо акси яке аз духтарони бедаракшударо дар мавзеъҳои гуногуни шаҳр ширеш намуда, мардуми зиёдеро дар макони гумшавии онҳо пурсуҷӯ карданд.

Ёдрас мекунем, ки шоми 25-уми март, тақрибан соатҳои 16 дар Душанбе ду духтарчаи хурдсол – Малика Араловаи 6-сола ва духтари хурдсоли амакаш Сабина Араловаи 4-сола дар назди ҳавлии хонаашон машғули бозӣ буда, вале баъди чанде бедарак шудаанд. Волидайни онҳо дар ин бора ба Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт муроҷиат карданд.

Дар иттилои ВКД гуфта мешавад, онҳо аз манзилашон, ки дар суроғаи кӯчаи Айнӣ, хонаи 32/1 воқеъ аст, ба берун рафта, дигар бедарак шудаанд. Чорабиниҳи фаврии ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Нафароне, ки оиди дар куҷо будани онҳо маълумот доранд, метавонанд бо телефонҳои 91-900-12-00, 91-970-55-33 (Улуғбек ва Нигина Араловҳо) ва «Телефони боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ 221-21-21 дар тамос шаванд.   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.