Оғози ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲО

Имрӯз дар Душанбе ҳамоиши дурӯзаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё ба кор шурӯъ мекунад. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, барои иштирок дар ин ҷаласа ҳайатҳои ҳамаи 32 кишвари Осиё, ки узви МҲО мебошанд, ширкат хоҳанд варзид. Аз ҷумла, ба ҳайатҳои 12 кишвар вазирони корҳои хориҷӣ ва 9 кишвар муовинони вазирони […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар Душанбе ҳамоиши дурӯзаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё ба кор шурӯъ мекунад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, барои иштирок дар ин ҷаласа ҳайатҳои ҳамаи 32 кишвари Осиё, ки узви МҲО мебошанд, ширкат хоҳанд варзид. Аз ҷумла, ба ҳайатҳои 12 кишвар вазирони корҳои хориҷӣ ва 9 кишвар муовинони вазирони корҳои хориҷӣ роҳбарӣ мекунанд.

Тибқи барномаи ин чорабинии байналмилалӣ 28 март дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ ҷаласаи кормандони аршади кишварҳои узви МҲО баргузор хоҳад шуд. Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба гузаронидани ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲО муҳокима шуда, инчунин матни ниҳоии санади ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲО – “Эъломияи Душанбе” ҳамоҳанг мегардад.

Рӯзи дигар, 29 март дар “Кохи Сомон” чорабинии асосии ин ҳамоиши байналмилалӣ – ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲО баргузор хоҳад шуд.

Дар бахши ифтитоҳии ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲО Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ мекунад.

 Ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲО таҳти раисии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷараён хоҳад гирифт. Пешбинӣ шудааст, ки дар рафти ҷаласа зимни суханронии худ роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви МҲО дар атрофи масъалаҳои дар рӯзномаи ин ҷаласа ҷойдошта табодули назар мекунанд.

 Дар хотима иштироккунандагони ҷаласа санади ниҳоии ин ҳамоиш – “Эъломияи Душанбе” – ро қабул хоҳанд кард.

Муколамаи ҳамкории Осиё ҳамоиши минтақавии кишварҳои Осиё мебошад, ки ҷонибдорони принсипҳои баробарӣ, эҳтироми мутақобила, ҳамкории мутақобилан судманд ва сиёсати некхоҳонаро бо ҳам гирд овард. Кишварҳои узви ин ҳамоиш баҳри барпо намудани Осиё нав саъю талош менамоянд, ки дар он сулҳи пойдор, субот ва шукуфоӣ ҳукмфармо бошад.

 Ғояи “Муколамаи ҳамкории Осиё” аз ҷониби Шоҳигарии Таиланд дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ (АСЕАН) моҳи феврали соли 2002 пешниҳод гардида буд. Мақсади асосии он – ба вуҷуд овардани афзори нави ҳамкории байниминтақавӣ буд, ки тавонад мисли пул миёни ҳамоишҳои дигари минтақавии Осиё хизмат кунад ва дар оянда сохтори асосии ҳамкориҳои умумиосиёгӣ бошад.

 Дар вохӯрии таъсисии сатҳи вазирони МҲО (ш. Чаам, Таиланд, июни соли 2002) ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш – ба вуҷуд овардани афзори табодули афкор ва таҷриба миёни иштироккунандагон, ҳамоҳангии ҳамёрии онҳо дар сатҳҳои гуногун, таҳияи стратегияи вокуниш ба чолишҳои муосир ва паёмадҳои манфии ҷаҳонишавӣ муайян карда шуданд.

 Дар айни ҳол Муколамаи ҳамкории Осиё 32 кишвари қитъаи Осиё – Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Бангладеш, Баҳрайн, Бруней-Дорулассалом, Бутан, Ветнам, Ҳиндустон, Индонезия, Камбоҷа, Қазоқистон, Қирғизистон, Корея, Қувайт, Қатар, Россия, Малайзия, Муғулистон, Мянма, Хитой, Лаос, Покистон, Сингапур, Тоҷикистон, Таиланд, Шри-Ланка, Уммон, Ӯзбекистон, Филиппин ва Японияро гирди ҳам овардааст. Инчунин барои шомил шудан ба МҲО Австралия, Непал ва Яман амалан мароқ зоҳир намудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.