Адвокат: У.Қувватов дар… камераи яккаса дарёфт шуд

Пешвои «Гурӯҳи-24» Умаралӣ Қувватови рӯзи 17-уми март аз тавқифгоҳи муваққатии Дубай бедаракшуда дарёфт гардид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» Николай Николаев, адвокати Қувватов хабар дод. Маҳз Николаев рӯзи 19 март изҳор намуда буд, ки зерҳимояи ӯ ду рӯз қабл аз тавқифгоҳи муваққатии Дубай нопадид шудааст . Ба қавли вай, зиндониёни бо Қувватов дар як […]

ASIA-Plus


Пешвои «Гурӯҳи-24» Умаралӣ Қувватови рӯзи 17-уми март аз тавқифгоҳи муваққатии Дубай бедаракшуда дарёфт гардид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» Николай Николаев, адвокати Қувватов хабар дод.

Маҳз Николаев рӯзи 19 март изҳор намуда буд, ки зерҳимояи ӯ ду рӯз қабл аз тавқифгоҳи муваққатии Дубай

нопадид шудааст

. Ба қавли вай, зиндониёни бо Қувватов дар як ҳуҷра қарордошта гуфтаанд, ӯро шабона аз ҳуҷра берун оварда, дигар барнагаштааст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дарҳол иттилооти нопадид шудани Қувватовро рад кард. «Мақомоти дахлдори шаҳри Дубай расман ҷавоб доданд, ки Умаралӣ Қувватов дар айни замон дар маҳкамаи нигаҳдории муваққатӣ қарор дошта, мурофиаи навбатии судии ӯ рӯзи 7 апрели соли равон доир мегардад», – изҳор карданд дар ВКД ҶТ.

Ҳимоятгар Николаев мегӯяд, Қувватов дар камераи яккаса нигоҳдорӣ шуда, комилан дар муҳосираи иттилоотӣ қарор дорад. «Ӯро ба ин ҳуҷра бо ду сабаби инкоркунандаи ҳамдигар гузаронидаанд. Ба гуфтаи худи Умаралӣ, ин сабабҳо таъмини амният ва талаботи ҷониби Тоҷикистон будаанд», – иброз дошт вай.

Дар идома Николаев иттилоъ дод, ки ба эътиқоди Қувватов, ҳукуматдорон аз тамоми имконот истифода мекунанд, то ки садои ӯ ба шаҳрвандони озоди Тоҷикистон дастнорас бошаду ӯро аз нигоҳи маънавиву ҷисмонӣ шикаста созанд. «Ба ӯ муяссар шудааст, ки тавассути дӯстонаш дар камераҳо як изҳоротеро интиқол бидиҳад, ки баъди чанде ба дасти мо мерасад ва мо онро барои шиносоӣ ба нашр хоҳем расонид», – зикр кард ҳимоятгар.

Қобили зикр аст, ки Умаралӣ Қувватов рӯзи 23-юми декабри соли 2012 дар фурудгоҳи шаҳри Дубай аз сӯи маъмурони амниятии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ боздошт шуд. Ӯ аз Маскав ба инҷо омада,  минбаъд бояд ба Брюссел мерафт.

Рӯзи 10-уми март ҳукуматдорони Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) дархости Душанбеи расмӣ ҷиҳати истирдоди мухолифи тоҷик Умаралӣ Қувватовро рад намуда, мурофии додгоҳӣ оид ба баррасии масъалаи мазкурро то 10-уми апрел мавқуф гузоштанд.

Ба қавли ҳимоятгари Қувватов, дар навбати худ Тоҷикистон ба ҳарчи зудтар истирдод шудани Қувватов исрор меварзад. «Чунин ба назар мерасад, ки суд ба тасмими ниҳоӣ расида наметавонад. Мо ба манфиати Қувватов асноди иловагӣ пешниҳод кардем ва айни замон суд онро барои рад кардани қонеъ намудани талаботи онҳо асос шумурд», – иброз дошта буд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки санаи 9-уми январи соли равон зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода иттилоъ дод, ки Тоҷикистон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Аморати Муттаҳидаи Араб ҷиҳати истирдоди пешвои ҳаракати «Гурӯҳи-24», шаҳрванди ҷумҳурӣ Умаралӣ Қувватов дархост ирсол кардааст.

Тибқи маълумоти гуногун, ду сол қабл чанде аз тоҷирону сиёсатмадорон ва иқтисодчиёну ҷомеашиносони Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки ба як гурӯҳи ҳамфикрон муттаҳид шуда, баҳри беҳбуди вазъи кишвар на каму на зиёд ба ивази ҳокимияти кунунии Эмомалӣ Раҳмон даст бизананд. Онҳо дар бораи таъсиси иттиҳодияи сиёсии мухолифини ҳуккумати Тоҷикистон – «Гурӯҳи 24» эълом доштанд, ки онро Умаралӣ Қувватов сарварӣ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.