Вохӯрии вазири молияи ҶТ бо як ҳайати ХБА

Date:


Чанде қабл вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ба як ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) таҳти сарварии Ҷонатан Данн мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар мулоқот натиҷаҳои иҷрои буҷет дар соли 2012 ва нишондиҳандаҳои он дар соли равон, маблағи хароҷоти буҷет ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, андешидани чораҳои афзоиши даромад ва масоили сиёсати умумии молиявӣ баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, ба масъалаҳои сиёсати молияву андоз, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳи Роғун, роҳандозии истифодаи Кодекси нави андоз дар амал, ҳалли мушкилоти ҶСК «Агроинвестбонк» ва ҳамчунин вазъу дурнамои пардохти қарзи хориҷӣ, мониторинги корхонаҳои давлатӣ ва муносибатҳои Тоҷикистон бо созмонҳои байнулмилалии бонкиву молиявӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

С.Наҷмиддинов зикр кард, ки дар давоми ҳамкорӣ бо ХБА, бахусус дар самти баргузории ислоҳот дар бахши молия, Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, изҳори итминон кард, ки минбаъд низ ҳамкориҳои созандаи дуҷониба густариш хоҳанд ёфт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...