Э. Раҳмон дубора президенти КМО интихоб шуд

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дубора ба мақоми президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар интихоб гардид. Тавре аз Кумитаи ҷавонон, ваврзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, зимни ҷаласаи ҳисоботии XIII-уми Ассамблеяи генералии КМО ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун номзади ягона пешниҳод гардида, аъзои Ассамблея онро дастгирӣ карданд. Ба иттилои манбаъ, мувофиқи оинномаи созмон, Эмомалӣ Раҳмон […]

Меҳрангез Турсунзода


Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дубора ба мақоми президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар интихоб гардид.

Тавре аз Кумитаи ҷавонон, ваврзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, зимни ҷаласаи ҳисоботии XIII-уми Ассамблеяи генералии КМО ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун номзади ягона пешниҳод гардида, аъзои Ассамблея онро дастгирӣ карданд.

Ба иттилои манбаъ, мувофиқи оинномаи созмон, Эмомалӣ Раҳмон ба муддати се соли минбаъда (солҳои 2013-2016) президенти КМО интихоб шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки бо пешниҳоди президенти КМО, раиси вақти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов дубора муовини аввали президенти КМО ва Баҳрулло Раҷабалиев котиби кулли КМО интихоб шуданд. Аъзои Ассамблеяи генералӣ фаъолияти КМО дар давраи солҳои 2009-2012-ро қаноатбахш арзёбӣ намудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.