Аввали ҳафтаи гузашта соати 16:20-дақиқа шахси номаълум аз самти шаҳри Қурғонтеппа бо автомашинаи тамғаи “Опел-Астра, ки ба шаҳрванд Абдуллоев Ҷумъахон Холназарович соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа тааллуқ дорад, ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат карда, дар дидбонгоҳи БДА, воқеъ дар ағбаи Фахробод ба талаботи кормандони милитсия итоат накарда, бо суръати баланд ба самти шаҳри Душанбе ҳаракати худро идома дода, дар километри 30-юм дар наздикии деҳаи Алабайтали ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми гардиш аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, рақами қайди давлатиаш 88-22 АВ 03, ки таҳти идораи Амиров Бойназар Равшанович соли таваллудаш 1978, истиқоматкунандаи ноҳияи Қубодиён қарор дошт, бармехӯрад.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ мусофирони автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, рақами давлатиаш 88-22 АВ 03 шаҳрвандон Амирова Рӯзигул Сайфуллоевна соли таваллудаш 1982 ва Ҳусайнов Мамараҷаб соли таваллудаш 1947 ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ мегарданд.
Ҳангоми азназаргузаронии бағочи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, рақами давлатиаш 00-21 АК 03 ҷасади соҳиби он шаҳрванд Абдуллоев Ҷумахон Холназаров бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар намуди ҷароҳатҳои халандаву буранда дар қисмати рости қафаси сина дарёфт карда шуда, вобаста ба содир гардидани он парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, гурӯҳи махсуси фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шуда буд. Дар натиҷаи бурдани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зери роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич ба таври фаврӣ ин ҷинояти вазнин ошкор карда шуд. Дар содир намудани ҷинояти мазкур ҳамчун гумонбар шаҳрванд Ҷалолов Далер Зафарович соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода, ҷамоати деҳоти Қаратоғ, ки пеш бо моддаҳои 374 ва 244 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуд.
Айни замон нисбати далели мазкур корҳои тафтишотӣ идома дорад.



