Даргузашти журналист-муҳаққиқ Пайванди Гулмуродзода

Шаби гузашта бар асари сактаи қалб журналисти тоҷик, муҳаққиқ ва муаллифи чандин китобҳо Пайванди Гулмуродзода дар сини 56-солагӣ аз олам даргузашт. Пайванд Гулмуродзода соли 1956 дар вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон ба дунё омада, соли 1978 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси журналист хатм намуд. Баъди фаъолияти начандон тӯлонӣ дар Кумитаи телевизиону радиои Тоҷикистон, соли 1980 […]

ASIA-Plus


Шаби гузашта бар асари сактаи қалб журналисти тоҷик, муҳаққиқ ва муаллифи чандин китобҳо Пайванди Гулмуродзода дар сини 56-солагӣ аз олам даргузашт.

Пайванд Гулмуродзода соли 1956 дар вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон ба дунё омада, соли 1978 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси журналист хатм намуд. Баъди фаъолияти начандон тӯлонӣ дар Кумитаи телевизиону радиои Тоҷикистон, соли 1980 ба ҳайси омӯзгори Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикиситон ба фаъолият пардохт.

Соли 1989 дар Донишгоҳи давлатии Маскав дар мавзӯи ««Ташаккули  публисистикаи  шӯравии тоҷик» рисолаи номзадӣ ҳимоя кард.

Аз соли 1992 то соли 1996 ба сифати муовини декани факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуда, соли 2005 декани ҳамин факулта шуд. Муаллифи асарҳои таҳқиқотии зиёде оид ба журналистика ва таърихи публисистикаи тоҷик аст.

Пайванди Гулмуродзода имрӯз дар яке аз оромгоҳҳои пойтахт ба хок супурда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.