Кӯлоб: Сабти ду ҳодисаи худкушӣ дар соли равон

Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи прокуратураи вилояти Хатлон оид ба баррасии масъалаи худкушӣ дар ҷомеа зикр гардид, ки соли 2012 дар шаҳри Кӯлоб 13 ҳодисаи худкушӣ ва суиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, соли 2011 низ нишондиҳанда чунин буд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» иштирокчии ҷаласаи мазкур, мудири шуъбаи кор бо занони шаҳрдории Кӯлоб Саида Нураминова […]

Турко Дикаев


Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи прокуратураи вилояти Хатлон оид ба баррасии масъалаи худкушӣ дар ҷомеа зикр гардид, ки соли 2012 дар шаҳри Кӯлоб 13 ҳодисаи худкушӣ ва суиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, соли 2011 низ нишондиҳанда чунин буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» иштирокчии ҷаласаи мазкур, мудири шуъбаи кор бо занони шаҳрдории Кӯлоб Саида Нураминова хабар дод, бар асари ин ҳодисаҳо 4 нафар ҳалок шуда, ба табибон наҷоти нафарони боқимонда муяссар шудааст.

Ба гуфтаи вай, аз 13 нафаре, ки қасди худкушӣ кардаанд, 7 нафарашон занон мебошанд. «Тӯли се моҳи соли равон дар шаҳр ду ҳодисаи даст ба худкушӣ задан сабт гардид, ки яке зани 29-сола ва дигарӣ марди 57-сола мебошад», – иброз дошт ӯ.

Номбурда ҳамчунин афзуд, пас аз ҷаласаи ҳайати мушовара барномаи комплексии кор бо аҳолӣ дар маҳалҳо бо истифода аз наворҳои видеоии прокуратура таҳия  ва ба роҳ монда хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.