Шарҳи И.Шарифов ба талаботи волидайни маҳбусон оид ба истеъфо

Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Иззатулло Шарифов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳороти беш аз 300 нафар волидани маҳбусон дар бораи талаботи ба истеъфо рафтанашро шарҳ дод. Ба гуфтаи Шарифов, ӯ ба ин мансаб аз ҷониби президенти Тоҷикистон таъин шудааст ва танҳо ӯ метавонад ӯро аз мансаб сабукдӯш намояд. «Шахси гунаҳкор бояд масъул бошад. […]

Меҳрангез Турсунзода


Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Иззатулло Шарифов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳороти беш аз 300 нафар волидани маҳбусон дар бораи талаботи ба истеъфо рафтанашро шарҳ дод.

Ба гуфтаи Шарифов, ӯ ба ин мансаб аз ҷониби президенти Тоҷикистон таъин шудааст ва танҳо ӯ метавонад ӯро аз мансаб сабукдӯш намояд. «Шахси гунаҳкор бояд масъул бошад. Дар низоми мо ҷой доштани камбудиҳоро мо инкор намекунем ва баҳри рафъи онҳо кӯшиш ба харҷ дода истодаем», – иброз дошт Шарифов.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи марти соли ҷорӣ беш аз 300 нафар падару модарони маҳкумшудагони дар зиндонҳо қарордошта ва ё дар маҳбасхонаҳо фавтида истеъфои муовини вазири адлияи ҶТ, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати мазкур Иззатулло Шарифро талаб карданд.

Мактуб бо ин мазмун ба унвони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва нусхаи он ба ёвари котиби давлатии ИМА оид ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк ва сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Орд-Смит равона шуд.

Дар мактуби иборат аз якчанд саҳифа маълумоти муфассал дар бораи далелҳои лату кӯб ва истифодаи шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳии кишвар ва гӯё ҷой доштани маслиҳат миёни мақомот доир ба тафтишоти ҳодисаҳои мазкур дарҷ ёфтааст. Ба гуфтаи муаллифони нома, ба мактуб ҳамчунин сабти видеоӣ низ замима шудааст, ки дар он маҳкумшудагон дар бораи ҳодисаҳои зӯроварӣ аз ҷониби кормандони маҳбас ҳикоят мекунанд.

Падару модарони маҳкумшудагон ҳамчунин истеъфои прокурор оид ба иҷрои қонун дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ Толиб Азимов ва раиси Суди олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоевро низ тақозо карданд. Ба қавли муаллифони нома, онҳо ба даҳҳо мактуб ва арзу шикояти маҳкумшудагон ва пайвандони онҳо дар бораи ҳодисаҳои шиканҷаву зӯроварӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намесозанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.