Даргузашти Рассоми мардумӣ Зуҳур Ҳабибуллоев

Дар Душанбе дар сини 82-солагӣ пас аз бемории начандон тӯлонӣ Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон, Рассоми мардумии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев аз олам даргузашт. Зуҳур Ҳабибуллоев таҳсилкардаи Омӯзишгоҳи олии ҳунарӣ-саноатии ба номи Мухинаи шаҳри Ленинград (солҳои 1953-1959) аст.  Чанд муддат дар омӯзишгоҳи санъати Душанбе ба ҳайси омӯзгор фаъолият намудааст. Шурӯъ аз соли 1960 асарҳои Зуҳур Ҳабибуллоев намоишгоҳҳои […]

ASIA-Plus


Дар Душанбе дар сини 82-солагӣ пас аз бемории начандон тӯлонӣ Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон, Рассоми мардумии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев аз олам даргузашт.

Зуҳур Ҳабибуллоев таҳсилкардаи Омӯзишгоҳи олии ҳунарӣ-саноатии ба номи Мухинаи шаҳри Ленинград (солҳои 1953-1959) аст.  Чанд муддат дар омӯзишгоҳи санъати Душанбе ба ҳайси омӯзгор фаъолият намудааст.

Шурӯъ аз соли 1960 асарҳои Зуҳур Ҳабибуллоев намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва байнулмилалиро оро медоданд. Айни замон асарҳои офаридаи ӯ дар осорхонаҳо ва бойгониҳои шахсии Тоҷикистону Русия ва кишварҳои Аврупову Осиё маҳфузанд.

Зуҳур Ҳабибуллоев имрӯз дар яке аз оромгоҳҳои пойтахт ба хок супурда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.