Афзоиши талабот ба қарзҳои хурд дар ҷумҳурӣ

Ба аввали моҳи марти соли равон бақияи умумии қарзҳо дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,4 фоиз зиёд шуда, қариб 5,7 млрд. сомониро ташкил намуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, аз ин маблағ 2,3 млрд. сомонӣ қарзҳо бо пули миллӣ ва 3,3 млрд. сомонӣ бо асъори хориҷӣ дода шудаанд. Дар […]

ASIA-Plus


Ба аввали моҳи марти соли равон бақияи умумии қарзҳо дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,4 фоиз зиёд шуда, қариб 5,7 млрд. сомониро ташкил намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, аз ин маблағ 2,3 млрд. сомонӣ қарзҳо бо пули миллӣ ва 3,3 млрд. сомонӣ бо асъори хориҷӣ дода шудаанд. Дар маҷмуъ дар таркиби он 60,9 фоизро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 39,1 фоизро қарзҳои дарозмуддат ташкил намуданд, ки афзоиши устувори ҳиссаи қарзҳои дарозмуҳлатро инъикос мекунад.

Ба иттилои манбаъ, фоизи миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ бо пули миллӣ ба 25,45 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 24,93 фоизи солона баробар шуд.

Гуфта мешавад, бинобар зиёд гардидани талабот ба қарзҳои хурд пешниҳоди онҳо дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ дучанд афзоиш ёфта, назар ба ҳамин санаи соли қаблӣ 54,7 фоизро зиёд шуд. Ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бошад, дар ин давра 135,4 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49,3 фоиз зиёд мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.