Хуҷанд: Оғози баррасии шикояти падари маҳбуси фавтида


Дар суди шаҳри Хуҷанд баррасии шикояти Ҷӯрабой Бобоев нисбати шахсони мансабдори прокуратураи вилояти Суғд оғоз гардид. Ҷӯрабой Бобоев падари Исмонбой Бобоев аст, ки соли 2010 зимни боздошт эҳтимолан бар асари истифодаи шиканҷа фавтида буд.

Ба гуфтаи адвокати хизматгузориаш аз ҷониби Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқ пешниҳодшуда Абдураҳмон Шарифов, моҳи марти соли 2010 шуъбаи тафтишоти прокуратураи вилояти Суғд аз рӯи далели марги боздоштшуда Исмонбой Бобоев парвандаи ҷиноӣ боз кард. Дар содир намудани ҷинояти мазкур кормандони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилояти Суғд Фирдавс Шокиров ва Манучеҳр Акбаров гумонбар дониста мешаванд.

Дар таърихи 25-уми июни соли 2010 бинобар сабаби бемории гумонбаршудагон баррасии парвандаи ҷиноии мазкур боздошта шуд. Баъди чандин маротиба шикоят бурдани Ҷӯрабой Бобоев ба Прокуратураи генералӣ, моҳи октябри соли 2010 тафтиши парвандаи ҷиноии мазкур дубора барқарор карда шуд, аммо бо қарори муфаттиши прокуратураи вилояти Суғд аз 30-юми октябри соли 2012 бар асоси бемории гумонбаршудагон Шокиров ва Акбаров баррасии парванда боз мутаваққиф гардид.

«Далели асосии шикояти Бобоев дар он ифода меёбад, ки боздошти тафтиши парванда ғайриқонунӣ сурат гирифта, мақоми ин афрод на айбдоршаванда, балки гумонбаршудагон буда, мутобиқи қонун боздошти тафтиши парванда танҳо нисбати айбдоршавандагон амалӣ мегардад», – гуфт Шарифов.

Дар робита ба санҷиши қонунӣ будани ҳуҷчатҳои тиббӣ, ки барои боздошти тафтиши парвандаи ҷиноӣ асос шуда буданд, суд баррасии шикоятро то имрӯз, 11-уми апрел мавқуф гузошт.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи декабри соли гузашта прокуратураи вилояти Суғд бори навбатӣ дар бораи

боздошти тафтиши парвандаи

марги маҳбус Исмонбой Бобоев иттилоъ дода буд.

Исмонбой  Бобоев рӯзи 19-уми феврали сои 2010 аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилояти Суғд Манучеҳр Акбаров ва Фирдавс Шокиров боздошт гардида, пас аз интиқол ба бинои раёсати мазкур ҳангоми бозпурсӣ ба ҳалокат расид. Ба эътиқоди хешовандону наздикони И.Бобоев, ӯ ба асари истифодаи шиканҷа ва методҳои ғайриқонунии бозпурсӣ фавтидааст. Ташхиси такрорӣ низ нишон дод, ки Бобоев дар натиҷаи ҷароҳат аз барқ ба ҳалокат расидааст.

spot_imgspot_img

Популярное