Э.Раҳмон президенти Комиссияи Аврупоро ба Тоҷикистон даъват кард

Дар ҷараёни сафари расмӣ ба Шоҳигарии Беогия президенти тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Комиссияи Аврупо Жозе Маннуэл Баррозу мулоқот анҷом дод. Бино ба иттилои хдамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат муносиботи ояндаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дорои дурнамои густурда номида шуд. Аз татбиқи босамари барномаҳои Иттиҳоди Аврупо ба монанди БОМКА/КАДАП, «Темпус» ва «Эразмус Мундус» ва дастгирии […]

ASIA-Plus


Дар ҷараёни сафари расмӣ ба Шоҳигарии Беогия президенти тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Комиссияи Аврупо Жозе Маннуэл Баррозу мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои хдамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат муносиботи ояндаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дорои дурнамои густурда номида шуд.

Аз татбиқи босамари барномаҳои Иттиҳоди Аврупо ба монанди БОМКА/КАДАП, «Темпус» ва «Эразмус Мундус» ва дастгирии макромолиявию техникии Тоҷикистон арзи қаноат карда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки мулоқотҳои имрӯза бо роҳбарияти олии сохторҳои марказии Иттиҳоди Аврупо ба густариши муносиботи судманди ду ҷониб, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат ва амният, иқтисоду савдо, сармоягузорӣ, иҷтимоиёт, илму техника ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ такони ҷиддӣ мебахшанд.

Бино ба таъкиди Жозе Маннуэл Баррозу, “Тоҷикистон оянда ҳам, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Стратегияи таҳияшавандаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014-2020 ва барномаю лоиҳаҳои сершумори мо дар Афғонистон чун кишвари калидӣ дар ин минтақа боқӣ хоҳад монд”.

Аз Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Маннуэл Баррозу даъват карда шуд, ки барои идома додани муколамаи созандаи ду ҷониб ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.