«Парасту-2013»: Иштирокчиён мавриди интиқод ва бе шоҳҷоиза монданд

Дар маросими натиҷагирӣ аз Фестивал-озмуни театрҳои касбии «Парасту-2013» ҳайати ҳакамон 15 иштирокчии чорабиниро ба шоҳҷоизаи озмун лоиқ надониста, танҳо намоишномаи «Чархи гардун»-и Театри академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ намоишномаи беҳтарин дониста шуд. Раиси ҳайати ҳакамон, мунаққиди театрӣ Маҳмадулло Табаров дар ин робита изҳор намуд, ки соли равон дар фаъолияти коргардонҳо камбудиҳои зиёд ба мушоҳида расида, насли […]

Маҳпора Киромова


Дар маросими натиҷагирӣ аз Фестивал-озмуни театрҳои касбии «Парасту-2013» ҳайати ҳакамон 15 иштирокчии чорабиниро ба шоҳҷоизаи озмун лоиқ надониста, танҳо намоишномаи «Чархи гардун»-и Театри академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ намоишномаи беҳтарин дониста шуд.

Раиси ҳайати ҳакамон, мунаққиди театрӣ Маҳмадулло Табаров дар ин робита изҳор намуд, ки соли равон дар фаъолияти коргардонҳо камбудиҳои зиёд ба мушоҳида расида, насли нави арбобони театр иштибоҳоти пешинаро такрор мекунанд ва он дар ҷустуҷӯву дарёфт накардани андешаву методҳои тозаи коргардонӣ ифода меёбад.

Дар ҳамин ҳол, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ зимни суханронӣ дар ин маросим дастовардҳои театри тоҷик дар солҳои ахирро зикр намуда, иброз дошт, ки озмуни мазкур чӣ гуна ҳарчи бештар ҷалб ва ба театр баргардонидани тамошобинонро ба хубӣ нишон дод. «Ман умедворам, ки ин анъанаи нек аз насл ба насл гузашта, ҳунари театрӣ дар Тоҷикистон ба қуллаи камолоти худ мерасад», – гуфт ӯ.

Ҳамин тариқ, ба ҳамаи иштирокчиёни озмун диплом барои иштироки фаъолона ва ҳамчунин дипломҳои Иттиҳоди нвисандагони Тоҷикистон, Иттифоқи арбобони театрии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ супурда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.