Тасмими БСА оид ба тавсеъаи доираи фаъолият дар Тоҷикистон

Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон бо президенти Бонки сармоягузории Аврупо (БСА) Вилҳелм Молтерер дар Брюссел сарвари бонки мазкур изҳор намуд, ки БСА тасмим дорад, минбаъд доираи фаъолияти худро дар Тоҷикистон васеъ намуда, дар баробари энергетика бахшҳои инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ, кишоварзию амнияти озуқаворӣ ва соҳаҳои иҷтимоиро фаро бигирад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот […]

ASIA-Plus


Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон бо президенти Бонки сармоягузории Аврупо (БСА) Вилҳелм Молтерер дар Брюссел сарвари бонки мазкур изҳор намуд, ки БСА тасмим дорад, минбаъд доираи фаъолияти худро дар Тоҷикистон васеъ намуда, дар баробари энергетика бахшҳои инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ, кишоварзию амнияти озуқаворӣ ва соҳаҳои иҷтимоиро фаро бигирад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот масоили густариши ояндаи ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуда, бо қаноатмандӣ ёдоварӣ шуд, ки Тоҷикистон нахустин шарики БСА дар Осиёи Марказӣ аст ва ҳоло бо харҷи 21 млн. евро сармоягузории қарзӣ ва грантии ин бонк лоиҳаи «Барқарорсозии соҳаи энергетикаи Тоҷикистон» татбиқ мегардад.

Дар ҳошияи ин мулоқот миёни Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо санади нави ҳамкорӣ – Ёддошти тафоҳум оид ба густариши ҳамкорӣ ба имзо расид. Ба ин санад аз ҷониби Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов ва ноиби президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилҳелм Молтерер имзо гузоштанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.