Эгамзод: Русия расман Тоҷикистонро оид ба қатъи равуои қатораҳо огоҳ накард

Пайрав Чоршанбиев


Дар робита ба аз ҷониби Русия манъ шудани равуои қатораҳои Тоҷикистон ба ин кишвар, то ҳанӯз ба сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳеҷ санади расмие ворид нагардидааст.

Намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита изҳор намуд, ки таври маъмул зимни чунин тасмимгириҳо бояд тартиботи дахлдори байнидавлатӣ риоя шаванд.

«Сафорат умедвор аст, ки кор то манъи ҳаракати қатораҳо нарасида, ҷонибҳо тариқи гуфтушунид мушкилоти мавҷударо ҳаллу фасл хоҳанд кард», – гуфт номбурда.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл дар робита ба камбудиҳои ошкоргардида зимни ҷаласаи сайёри Комиссияи давлатии марзбонӣ таҳти сарварии ноиби нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин, Хадамоти марзбонии Хадамоти федералии амнияти Русия

қатъи равуоҳои қатораҳои Тоҷикистонро тақозо кард.

Ҷаласаи сайёр дар истгоҳи роҳи оҳани Ақсойски вилояти Астрахан доир гардид. Дмитрий Рогозин ва роҳбари «Роспотребнадзор» Геннадий Онищенко бо вазъи қатораи аз Душанбе воридгардида аз наздик ошно гардиданд. Онҳо ба хулоса расиданд, ки равуои мусофирон дар чунин қатораҳо ғайриимкон мебошад. Муовини сардори Хадамоти марзбонии Хадамоти федералии амнияти Русия Владимир Мочалов ваъда додааст, ки ба «Роспотребнадзор» дар бораи ба қаламрави Русия роҳ надодани қатораҳои мувофиқатнадошта ба талаботи санитарӣ пешниҳод ирсол мекунад.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, Хадамоти марзбонии Русия аз мунтазам ба сифати воситаи таҳвили мухаддирот истифода шудани қатораи Душанбе-Маскав нигарон аст.

Владимир Мочалов мушкилии назорати марзиро бо он маънидод намудааст, ки то ҳанӯз шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Руия бо шиносномаҳои дохилӣ ворид мешаванд, ки онҳо сатҳи зарурии муҳофизатро доро нестанд ва дар низомҳои худкори назорати русиягӣ ба кор намеоянд.

Дар ҳамин ҳол, мебояд зикр намуд, ки тоҷикистониён ба Русия тавассути роҳи оҳан танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид мешаванд, зеро ба воситаи шиносномаи дохилӣ ворид гардидан ғайриимкон буда, Ӯзбекистону Туркманистон ва Қазоқистон убури қаламравашонро ба тоҷикон бо шиносномаҳои дохилӣ иҷозат намедиҳанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...