Эгамзод: Русия расман Тоҷикистонро оид ба қатъи равуои қатораҳо огоҳ накард

Дар робита ба аз ҷониби Русия манъ шудани равуои қатораҳои Тоҷикистон ба ин кишвар, то ҳанӯз ба сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳеҷ санади расмие ворид нагардидааст. Намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита изҳор намуд, ки таври маъмул зимни чунин тасмимгириҳо бояд тартиботи дахлдори байнидавлатӣ риоя шаванд. «Сафорат умедвор аст, ки […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар робита ба аз ҷониби Русия манъ шудани равуои қатораҳои Тоҷикистон ба ин кишвар, то ҳанӯз ба сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳеҷ санади расмие ворид нагардидааст.

Намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита изҳор намуд, ки таври маъмул зимни чунин тасмимгириҳо бояд тартиботи дахлдори байнидавлатӣ риоя шаванд.

«Сафорат умедвор аст, ки кор то манъи ҳаракати қатораҳо нарасида, ҷонибҳо тариқи гуфтушунид мушкилоти мавҷударо ҳаллу фасл хоҳанд кард», – гуфт номбурда.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл дар робита ба камбудиҳои ошкоргардида зимни ҷаласаи сайёри Комиссияи давлатии марзбонӣ таҳти сарварии ноиби нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин, Хадамоти марзбонии Хадамоти федералии амнияти Русия

қатъи равуоҳои қатораҳои Тоҷикистонро тақозо кард.

Ҷаласаи сайёр дар истгоҳи роҳи оҳани Ақсойски вилояти Астрахан доир гардид. Дмитрий Рогозин ва роҳбари «Роспотребнадзор» Геннадий Онищенко бо вазъи қатораи аз Душанбе воридгардида аз наздик ошно гардиданд. Онҳо ба хулоса расиданд, ки равуои мусофирон дар чунин қатораҳо ғайриимкон мебошад. Муовини сардори Хадамоти марзбонии Хадамоти федералии амнияти Русия Владимир Мочалов ваъда додааст, ки ба «Роспотребнадзор» дар бораи ба қаламрави Русия роҳ надодани қатораҳои мувофиқатнадошта ба талаботи санитарӣ пешниҳод ирсол мекунад.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, Хадамоти марзбонии Русия аз мунтазам ба сифати воситаи таҳвили мухаддирот истифода шудани қатораи Душанбе-Маскав нигарон аст.

Владимир Мочалов мушкилии назорати марзиро бо он маънидод намудааст, ки то ҳанӯз шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Руия бо шиносномаҳои дохилӣ ворид мешаванд, ки онҳо сатҳи зарурии муҳофизатро доро нестанд ва дар низомҳои худкори назорати русиягӣ ба кор намеоянд.

Дар ҳамин ҳол, мебояд зикр намуд, ки тоҷикистониён ба Русия тавассути роҳи оҳан танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид мешаванд, зеро ба воситаи шиносномаи дохилӣ ворид гардидан ғайриимкон буда, Ӯзбекистону Туркманистон ва Қазоқистон убури қаламравашонро ба тоҷикон бо шиносномаҳои дохилӣ иҷозат намедиҳанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.