Барқияи тасаллияти Э.Раҳмон ба президенти ИМА

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Ҳусейн Обама барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозад, ки аз шунидани хабари ҳузнангез дар бораи марги даҳҳо одамон бар асари таркиш дар корхонаи истеҳсоли нуриҳо дар иёлати Техаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хеле андуҳгин аст.

«Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез хоҳиш менамоям, ки тасаллияти амиқ ва эҳсосоти ҳамдардии мардуми Тоҷикистонро ба хешовандону пайвандони ҳалокшудагон расонед, инчунин таманниёти ҳарчи зудтар шифо ёфтани ҳамаи зарардидагонро қабул фармоед», – гуфта мешавад дар барқия.

Ёдрас мекунем, ки бар асари таркиши шадид дар корхонаи истеҳсоли нуриҳои шаҳри Вакои иёлати Техаси ИМА рӯзи 18-уми апрел 14 нафар ҳалок ва беш аз 200 нафар ҷароҳат бардоштанд. Таркиш ҳамчунин қариб 100 адад биноро хароб намуд.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...