Чанде қабл муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов фиристодаи вежаи президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Алфредо Леониро баҳузур пазируфт.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Бразилия дар арсаи ҷаҳонӣ, махсусан дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ муҳокима гардиданд.
Ба иттилои манбаъ, тарафҳо инчунин масъалаҳои густариши бештари муносибатҳои дуҷониба ва мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Бразилияро мавриди баррасӣ қарор доданд.





