Боздошти журналисти телевизиони Русия дар Душанбе

Маҳпора Киромова


Кормандони шуъбаи минтақавии корҳои дохилӣ дар нақлиёти ноҳияи Шоҳмансур роҳбалади қатораро зимни мусоҳиба ба журналисти шабакаи телевизионии «Россия» дар бораи аризаи даъвогии 12 нафар роҳбаладон нисбати КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» боздошт намуданд.

Роҳбалади боздоштшуда Юсуфхон Исмоилов дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки айни замон дар шуъба қарор дошта, баёнот медиҳад. «Кормандони шуъба мегӯянд, ки ман ба мусоҳиба дар ҷойи ҷамъиятӣ ҳуқуқ надоштаам ва аз ин рӯ, бояд дар ҳаҷми 250 сомонӣ ҷарима супорам», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли номбурда, нимаи имрӯз ҳангоме ки ӯ дар қаламрави истгоҳи роҳи оҳан ба журналисти шабакаи телевизонии Русия дар бораи сабабҳои «ғайриқонунӣ аз кор озод шудани» 22 нафар роҳбаладони қатораи мусофирбари самти Душанбе-Маскав ва дар қаламрави Русия рӯзи 28-уми январи соли ҷорӣ аз дохили он дарёфт шудани 27 кило маводи мухаддири героин суҳбат доштааст, ӯ ва журналистро боздошт намудаанд.

«Онҳо аз журналистон камераи наворбардориро мусодира намуда, моро ба шуъба оварданд. Ҳозир ман баёнот додам ва намефаҳмам, ки чаро онҳо дар ҳаҷми 250 сомонӣ ҷарима супурданро талаб доранд», – мегӯяд Исмоилов.

Дар навбати худ, корманди шуъбаи минтақавии корҳои дохилӣ дар нақлиёти ноҳияи Шоҳмансур, ки аз ифшои ному насабаш худдорӣ варзид, дар суҳбат ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита зикр кард, ки онҳо бинобар сабаби риоя накардани моддаи Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боздошт ва тибқи ин модда, роҳбалад ба мусоҳиба дар ҷойи ҷамъиятӣ ҳуқуқ надорад.

Ба савол дар бораи пардохти ҷарима дар ҳаҷми 250 сомонӣ аз ҷониби журналисти Русия, корманд изҳор кард, ки «ҳамаи онҳо айни замон дар шуъба қарор дошта, баёнот медиҳанд ва чун Юсуфхон Исмоилов ҷаримабандӣ хоҳанд шуд».

Ёдрас мекунем, ки нимаи ҳафтаи гузашта 12 нафар роҳбаладони қатора аз болои мақомоти раҳбарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт

аризаи даъвогӣ пешниҳод намуданд.

Адвокати даъвогарон Саидбек Нуриддинов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита гуфта буд, парвандаи шаҳрвандӣ дар робита ба «ғайриқонунӣ аз кор озод кардан»-и 22 нафар роҳбаладони қатораи мусофирбари хатсайри Душанбе-Маскав баррасӣ мешавад, ки аз дохили он ахири моҳи январи соли равон 27 кило маводи мухаддири героин мусодира шуда буд. Аз шумори умумии нафарони аз кор озодшуда танҳо 12 нафарашон ба суд муроҷиат кардаанд. 

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...