Даъвои адвокат Ф.Воҳидова нисбати ширкати «Тоҷирон»

Маҳпора Киромова


Адвокат Файзинисо Воҳидова имрӯз ба суди иқтисодии шаҳри Душанбе аризаи даъвогии муқобили даъво оид ба ҳифзи шаъну эътибор ва мартабаи корӣ нисбати ширкати «Тоҷирон»-ро пешниҳод намуд.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Ф.Воҳидова дар ин робита гуфт, ӯ аз суд дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ рӯёнидани зарари маънавиро дархост намудааст, зеро санаи 30-юми январи соли ҷорӣ ширкати мазкур тавассути ВАО шаъну эътибори ӯро паст зада, мартабаи кории ӯро зери шубҳа гузоштааст.

«Дар раддия ба маводи газетаи «ИмрӯзNews» таҳти унвони «Мурдафурӯшӣ дар ширкати «Тоҷирон» ширкат сатҳи тахассусии маро ба сифати ҳуқуқшинос зери шубҳа гузошта, калимаи «адвокат»-ро дар дохили нохунак овардааст», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли номбурда, дар баробари аризаи даъвогӣ ба суд, ҳамчунин ба сифати далел нусхаи дипломи Донишгоҳи давлатии Маскав ва асноди дигари марбут ба фаъолияти ҳуқуқшиносии ӯ низ пешниҳод шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи феврали соли ҷорӣ ширкати «Тоҷирон» барои туҳмат ва зарар расонидан ба нуфузи кории ширкат нисбат ба адвокат Файзинисо Воҳидова ва рӯзномаи «ИмрӯзNews» ба Суди олии иқтисодӣ

даъво пеш овард.

Шират аз суд дархост кард, ки мақолаи дар рӯзнома таҳти унвони «Мурдафурӯшӣ дар ширкати «Тоҷирон» нашршударо ғайривоқеӣ эътироф намуда, аз рӯзнома талаб карда шавад, ки ба он расман раддия чоп гардад.

Ғайр аз ин, ширкат ҳамчунин аз суд дархост намуд, ки барои дар мақола истифода шудани андешаҳои адвокат Файзинисо Воҳидова, ки ба мартабаи кории ширкат зарар расонидааст, аз ӯ 50 ҳазор сомонӣ ва аз газета маблағи рамзии 1 сомонӣ ҷуброн ситонида шавад

Дар маводи рӯзнома аз 17-уми январ зикр мегардад, ки намояндагони ширкати «Тоҷирон» барои ҷасади яке аз иштирокчиёни садамаи нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд 20 ҳазор доллари ИМА маблағ талаб кардаанд, зеро гӯё бо айби ҳалокшуда ширкат як миқдор сӯзишвории кашонидаро аз даст додааст. Бино ба маълумоти муаллифи мақола, пас аз ҷуброни тамоми маблағ ҷасад ба хешовандони ӯ супурда шудааст.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...