Оғози ярмаркаи ҳамасолаи таҳсилотӣ дар Душанбе

ASIA-Plus


Барномаи «Мусоидат ба таҳсилоти олӣ» ва «Барномаи стипендиявӣ»-и Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Точикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  20 апрели соли 2013 Ярмаркаи солонаи таҳсилотиро баргузор мекунанд.

Тавре дар иттилоияи интишоршудаи шуъбаи ташкилот зикр мегардад, гузаронидани ин чорабинӣ аз соли  2001 оғоз мегирад ва имсол дувозаҳумин бор ярмарка барпо мегардад.  Соли 2012 беш аз 4500 нафар ба ин чорабинӣ ташриф оварданд. Дар ярмарка ба ҳамаи хоҳишмандон, ки аксарияташонро донишҷўён, мактаббачагон ва мутахассисони ҷавон ташкил мекунанд, имконият дода мешавад дар бораи барномаҳои таълимие,  ки  дар мамлакатҳои ИДМ ва чӣ берун аз он мавҷуданд,  иттилооти зарурӣ ба даст оранд.

Дар ярмарка намояндагони Вазорати маориф, Сафорати ИМА дар ҶТ, Институти  «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Маркази миллии тестӣ, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ACCELS (Шӯрои Америкоӣ оид ба Таҳсилоти байналмилалӣ), DAAD (Хадамоти Олмонии Мубодилаҳои Академиявӣ), TEMPUS (The trans-European mobility scheme for university studies), Шӯрои Байналмилалӣ оид ба Тадқиқотҳо ва Мубодилаҳои илмӣ (IREX), Маркази фарҳангии «Бактрия», Маркази омӯзиши забони немисӣ, Ширкати «Имкон-консалтинг», Омӯзиш бидуни марз (Knowledge across borders) ва Ассосиатсияи байналмилалии мубодилаи донишҷӯёни ихтисосҳои техникӣ (IAESTE) ширкат меварзанд.

Дар чаҳорчўбаи Ярмаркаи солонаи таҳсилотӣ намояндагони ташкилотҳои мазкур дар бораи системаи таълим дар хориҷа, тартиби тайёр кардани маҷмўи ҳуҷҷатҳо ва супурдани тестҳо барои таҳсил дар хориҷа, инчунин дар бораи шартҳои гирифтани кўмаки молиявӣ лексияҳои машваратӣ гузаронда мешаванд. Хоҳишмандон метавонанд оид ба барномаҳои дилхоҳашон бевосита дар ярмарка саволномаю брошюраҳо пайдо кунанд.

Чунин чорабиниҳо вақтҳои наздик дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон, аз ҷумла: 22  апрел  дар ш. Хуҷанд, 3 май дар ш. Кӯлоб, 4 май дар ш. Қӯрғонтеппа ва  15  май дар ш. Хоруғ баргузор хоҳанд шуд.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...