Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон фаъолияти хабарнигорони радиои эронии «Садои Хуросон» дар қаламрави ҷумҳуриро ба муҳлати се моҳ мутаваққиф намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори департаменти матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ Абдулфайз Атоев хабар дод, 20-уми апрели соли равон дар робита ба пахши маълумоти иғвобарангез, иҷозатномаҳои фаъолияти хабарнигорони ин радио бекор шуданд.
Ӯ иброз дошт, ки ин ҷо сухан сари изҳороти раиси ҲУСДТ Раҳматилло Зойиров дар бораи гӯё аз масоҳати таъиншудаи Душанбеи расмӣ бештар қаламрави Тоҷикистонро гирифтани Чин аст.
Ба қавли Атоев, дар қаламрави Тоҷикистон се хабарнигори радиои «Хуросон фаъолият доштанд ва масъалаи дубора иҷозати кор додан ба онҳо танҳо пас аз итмоми се моҳ баррасӣ мешавад.
Ёдрас мекунем, ки санаи 15-уми апрели соли ҷорӣ дар радиои «Садои Хуросон» хабаре интишор гардид, ки дар он Раҳматилло Зойиров
изҳор мекунад,
ки Чин аз масоҳати таъиншудаи Душанбеи расмӣ бештар қаламрави Тоҷикистонро гирифтааст ва ӯ маҳз дар ин робита сурат гирифтани тамринҳои низомӣ дар Хоруғро аз эҳтимол дур намедонад.
Як рӯз пас Абдулфайз Атоев изҳороти раиси ҲУСДТ Раҳматилло Зойиров дар бораи аз ҷониби Чин соҳиб шудан ба қаламрави бештари Тоҷикистон нисбат ба масоҳати таъиншудаи Душанбеи расмиро
иғвоангезӣ унвон кард
. «Ман намефаҳмам, ки чунин изҳорот ба кадом хотир пахш мешавад, вале касе ин корро мекунад, мақсадҳои тамаъҷӯиро пайгирӣ дорад», – иброз дошта буд ӯ.





