Манъи фаъолияти хабарнигорони радиои «Садои Хуросон»

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон фаъолияти хабарнигорони радиои эронии «Садои Хуросон» дар қаламрави ҷумҳуриро ба муҳлати се моҳ мутаваққиф намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори департаменти матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ Абдулфайз Атоев хабар дод, 20-уми апрели соли равон дар робита ба пахши маълумоти иғвобарангез, иҷозатномаҳои фаъолияти хабарнигорони ин радио бекор шуданд. Ӯ […]

Пайрав Чоршанбиев


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон фаъолияти хабарнигорони радиои эронии «Садои Хуросон» дар қаламрави ҷумҳуриро ба муҳлати се моҳ мутаваққиф намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори департаменти матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ Абдулфайз Атоев хабар дод, 20-уми апрели соли равон дар робита ба пахши маълумоти иғвобарангез, иҷозатномаҳои фаъолияти хабарнигорони ин радио бекор шуданд.

Ӯ иброз дошт, ки ин ҷо сухан сари изҳороти раиси ҲУСДТ Раҳматилло Зойиров дар бораи гӯё аз масоҳати таъиншудаи Душанбеи расмӣ бештар қаламрави Тоҷикистонро гирифтани Чин аст.

Ба қавли Атоев, дар қаламрави Тоҷикистон се хабарнигори радиои «Хуросон фаъолият доштанд ва масъалаи дубора иҷозати кор додан ба онҳо танҳо пас аз итмоми се моҳ баррасӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 15-уми апрели соли ҷорӣ дар радиои «Садои Хуросон» хабаре интишор гардид, ки дар он Раҳматилло Зойиров

изҳор мекунад,

ки Чин аз масоҳати таъиншудаи Душанбеи расмӣ бештар қаламрави Тоҷикистонро гирифтааст ва ӯ маҳз дар ин робита сурат гирифтани тамринҳои низомӣ дар Хоруғро аз эҳтимол дур намедонад.

Як рӯз пас Абдулфайз Атоев изҳороти раиси ҲУСДТ Раҳматилло Зойиров дар бораи аз ҷониби Чин соҳиб шудан ба қаламрави бештари Тоҷикистон нисбат ба масоҳати таъиншудаи Душанбеи расмиро

иғвоангезӣ унвон кард

. «Ман намефаҳмам, ки чунин изҳорот ба кадом хотир пахш мешавад, вале касе ин корро мекунад, мақсадҳои тамаъҷӯиро пайгирӣ дорад», – иброз дошта буд ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасониро ба мусофирон ва афзоши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.