Таъсиси беш аз 50 ҳазор ҷойи нави корӣ дар 3 моҳ

ASIA-Plus


Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар дар Тоҷикистон ҳудуди 8,4 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда 26%-ро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ, аз оғози сол ба Агентии мазкур зиёда аз 32,2 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд, ки беш аз 18,5 ҳазор нафарашон ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, наздики 13,2 ҳазор нафарашон расман бекор эътироф шудаанд.

«Шумори ками таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ ба сатҳи тахассусии корҷӯён ва ҳаҷми ночизи музди меҳнат вобаста аст», – мегӯянд дар Агентӣ.

Дар ҳамин ҳол, дар зарфи се моҳи аввали соли равон тақрибан 1,7 ҳазор нафар ба маблағи умумии ҳудуди 595 ҳазор сомонӣ (125 ҳазор $) барои бекорӣ кӯмакпулӣ гирифтаанд.

Ба санаи 1-уми апрели соли равон дар хадамоти Агентии шуғли аҳолӣ беш аз 77,6 ҳазор нафар ҳамчун афроди корҷӯ ва 55,3 ҳазор нафар ҳамчун шаҳрвандони расман бекор ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин давра беш аз 5,1 ҳазор нафар ба касбомӯзӣ ва зиёда аз 1,4 ҳаззор нафар ба корҳои ҷамъиятии пардохтшаванда равона гардида, ба 705 нафар шаҳрвандон ҷиҳати роҳандозии фаъолияти соҳибкории хусусӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудааст.

Ба иттилои Агентӣ, дар давоми моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 51,3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2012 ба андозаи 50,2% зиёдтар аст.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...