Нисбати сардухтури хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ паврандаи ҷиноӣ боз карда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар прокуратура нисбати як зан, сокини шаҳри Хуҷанд ва мансабдори хонаи кӯдакони шаҳр Г.Э. мутобиқи моддаи 316, қ. 1–и Кодекси ҷиноии ҶТ (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, ин зан ҳуқуқ ва манфиатҳои сокини ноҳияи Ашт, зани 35-соларо сарфи назар карда, духтари 1-солаи ӯро, ки дар тарбияи хонаи кӯдакони мазкур гузошта буд, ба духтархондии шахси дигар додааст.
«Гумонбаршуда тавассути сохтакорӣ дар бораи аз кӯча дарёфт шудани ин кӯдак ҳуҷҷат тартиб дода, сипас кӯдакро ба тарбияи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Н.Г.-и 32-сола додааст», – гуфтанд дар раёсат.
Зимнан зикр гардид, ки тафтишот аз рӯйи парвандаи мазкур идома дорад.





