Хуҷанд: Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати сартабиби хонаи кӯдакон

Нисбати сардухтури хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ паврандаи ҷиноӣ боз карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар прокуратура нисбати як зан, сокини шаҳри Хуҷанд ва мансабдори хонаи кӯдакони шаҳр Г.Э. мутобиқи моддаи 316, қ. 1–и Кодекси ҷиноии ҶТ (Баромадан аз ҳадди […]


Нисбати сардухтури хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ паврандаи ҷиноӣ боз карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар прокуратура нисбати як зан, сокини шаҳри Хуҷанд ва мансабдори хонаи кӯдакони шаҳр Г.Э. мутобиқи моддаи 316, қ. 1–и Кодекси ҷиноии ҶТ (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, ин зан ҳуқуқ ва манфиатҳои сокини ноҳияи Ашт, зани 35-соларо сарфи назар карда, духтари 1-солаи ӯро, ки дар тарбияи хонаи кӯдакони мазкур гузошта буд, ба духтархондии шахси дигар додааст.

«Гумонбаршуда тавассути сохтакорӣ дар бораи аз кӯча дарёфт шудани ин кӯдак ҳуҷҷат тартиб дода, сипас кӯдакро ба тарбияи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Н.Г.-и 32-сола додааст», – гуфтанд дар раёсат.

Зимнан зикр гардид, ки тафтишот аз рӯйи парвандаи мазкур идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.