Дар робита ба ҳодисаи мавриди ҳамла ва ва лату кӯб қарор гирифтани муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит сафорати ИМА дар Тоҷикистон як изҳорот мунташир кард.
Дар изҳорот зикр мегардад, ки сафорати ИМА ҳамлаи охирин ба муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайитро маҳкум ва аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунад, ки тафтиши дақиқи ин ҳамла гузаронида шуда, муҷримони ин амал ба ҷавобгарӣ дар назди қонун кашида шаванд.
Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 19-уми апрели соли ҷорӣ муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ҳайит мавриди
ҳамла ва лату кӯби
афроди номаълум қарор гирифт. Дар назди даромадгоҳи манзили зисти ӯ, дар маҳаллаи 91-уми пойтахт афроди номаълуме ба ӯ дарафтода, бераҳмона лату кӯб ва сипас аз ҷойи ҳодиса фирор намуданд.





