Сафорати ИМА ҳамла ба М.Ҳайитро маҳкум мекунад

Дар робита ба ҳодисаи мавриди ҳамла ва ва лату кӯб қарор гирифтани муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит сафорати ИМА дар Тоҷикистон як изҳорот мунташир кард. Дар изҳорот зикр мегардад, ки сафорати ИМА ҳамлаи охирин ба муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайитро маҳкум ва аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунад, ки тафтиши дақиқи ин ҳамла гузаронида шуда, муҷримони […]


Дар робита ба ҳодисаи мавриди ҳамла ва ва лату кӯб қарор гирифтани муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит сафорати ИМА дар Тоҷикистон як изҳорот мунташир кард.

Дар изҳорот зикр мегардад, ки сафорати ИМА ҳамлаи охирин ба муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайитро маҳкум ва аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунад, ки тафтиши дақиқи ин ҳамла гузаронида шуда, муҷримони ин амал ба ҷавобгарӣ дар назди қонун кашида шаванд.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 19-уми апрели соли ҷорӣ муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ҳайит мавриди

ҳамла ва лату кӯби

афроди номаълум қарор гирифт. Дар назди даромадгоҳи манзили зисти ӯ, дар маҳаллаи 91-уми пойтахт афроди номаълуме ба ӯ дарафтода, бераҳмона лату кӯб ва сипас аз ҷойи ҳодиса фирор намуданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.