Изҳороти ҲХДТ ба ҳизби умумирусиягии «Единая Россия»

ASIA-Plus


Чанде қабл бо ибтикори Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҷалби коршиносони соҳа ва масъулину фаъолони ҳизбӣ аз Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Дин ва ҷомеа” мизи мудаввари умумиҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, мақсад аз созмон додани мизи муддавар, ин тавзеҳи масоили динӣ ва воқиф гардонидани мардум бо умқи масъалаҳои марбут ба масоили динӣ мебошад.

Чорабинии мазкурро муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латипов ифтиттоҳ намуда, оид ба арзишҳои миллии тоҷикон, рушду нумӯи мафкураи миллӣ ва зиракии сиёсӣ, пешгирии роҳи бегонапарастии динии ҷомеа, дар хизмати халқ, ватан ва миллат будан, инчунин истифодаи ҷавҳари ахлоқии дини мубини Ислом суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки вазъияти сиёсӣ дар ҳама давру замон ба нерӯҳои гуногуне, ки онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣва фарҳангии давлат нақши муассир доранд, такя мекунад.

Дар  мизи муддавар бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво ҳамчунин Мавлон Мухторов – муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҶТ, Абдулвоҳид Шамолов – директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҶТ ва Қамариддин Нурулҳақов – корманди Муассисаи давлатии Маркази исломшиносии назди президенти ҶТ суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар ҷараёни мизи мудаввар аз ҷониби иштирокчиён изҳороти телевизионии яке аз сиёсатмадорони рус, муовини спикери парлумони Федератсияи Русия, раиси Ҳизби либерал демократӣ Владимир Жириновский, ки нисбат ба роҳбари давлати Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо алфози қабеҳу беасос бо эҳсосот ибрози ақида карда буд, баррасӣ гардида, фикру андешаҳо баён гардиданд. Инчунин филми ҳуҷҷатии “Шайтон – поезд”,-ро ки доир ба ҳолати қатораҳои Тоҷикистон ва вазъи муҳоҷирати меҳнатии тоҷик ҳикоят карда, дар барномаи телевизионии “Специальный корреспондент” тариқи шабакаи Россия 1  намоиш дода шуд, иштирокчиёни мизи мудаввар муҳокима намуда, ҳама бо як хулоса суханронии Владимир Жириновский ва таҳлили яктарафаи филми “Шайтон – поезд” – ро маҳкум намуданд ва ба унвони Ҳизби умумируссиягии “Единая Россия” (Россияи ягона) изҳорот пешниҳод карданд. 

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...