Лату кӯби яке аз коргарони сохтмон дар Хоруғ

ASIA-Plus


Дар шаҳри Хоруғ як коргари сохтмон мавриди лату кӯб қарор гирифта, ба гумони даст доштан дар ин ҳодиса 3 нафар боздошт шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати ВКД ҶТ дар ВМКБ Тоҷиддин Назришоев хабар дод, шоми рӯзи 23-юми апрел бинокор Рустам Тошмуродов мавриди лату кӯб қарор гирифта, айни замон вазъи солимиаш қаноатбахш мебошад.

«Ба гумони даст доштан дар ҳамла се нафар боздошт шуда, айни замон боз чанд нафари дигар мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд, ки ҳамаашон сокинони Хоруғ мебошанд. Ҳодиса таҳқиқ мешавад ва вазъият пурра таҳти назорат аст», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, яке аз узви «Гурӯҳи 20», ки соли гузашта барои ба субот овардани вазъ дар Хоруғ таъсис ёфта буд, ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки чанде қабл раҳбарияти вилояту шаҳр аъзои гурӯҳ ва раисони ҷамоатҳоро даъват намуда, талаб кардааст, ки ҳодиса ошкор ва иштирокчиёни он таслим карда шаванд, вагарна чораҳои қатъӣ андешида мешаванд.

Ба қавли ӯ, онҳо гуфтаанд, ки ин вазифаи бевоситаи мақомот интизомӣ буда, роҳбарияти милисаи дар онҷо ҳузурдошта низ гуфтааст, ки мустақилона аз уҳдаи ин кор мебароянд.

«Тааҷҷубовар аст, ки ба хотири ин ҳодиса раиси вилояту раисони ноҳияҳо, ки ба Душанбе раҳсипор буданд, аз нисфи роҳ бозпас баргардонида шуданд. Айни замон дар кӯчаҳои шаҳр афроди мусаллаҳ бо мошинҳо равуо дошта, мардумро ба ҳарос меандозанд. Ин ҳодиса як авбошии муқаррарӣ аст ва ҳеҷ касе баҳри дарёфти гунаҳкорон ба мақомот монеъа эҷод намесозад, вале бори навбатӣ аз ин чунин ҳангома барпо карданд, ки гӯё тамоми сокинони Хоруғ гунаҳкор бошанд», – иброз дошт номбурда.

Дар ҳамин ҳол, Назришоев умуман сурат гирифтани чунин вохӯриро рад намуда, изҳор кард, ки «ба таҳқиқи ин ҳодиса кормандони фаврии милиса машғуланд ва барои ҷалби сокинони маҳаллӣ ба он ҳеҷ зарурате нест». «Бигзор онҳо умуман халал нарасонанд, ки мо ба корҳои худ машғул шавем», – афзуд сардори Раёсати ВКД ҶТ дар ВМКБ.

ОИ «Азия-Плюс» кӯшиш ба харҷ дод, ки шарҳи ин қазияро аз раиси вилоят Қодири Қосим ҷӯё шавад, вале ӯ аз суҳбат бо хабарнигор дар ин хусус худдорӣ варзид.  

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...