«Тоҷиктрансгаз» аз Ёвон то Сарбанд лӯлаи интиқоли газ месозад

Date:


Солҳои наздик КВД «Тоҷиктрансгаз» ният дорад, ки аз Ёвон то Сарбанд як лӯлаи нави интиқоли газ бунёд кунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали директори КВД «Тоҷиктрансгаз» Шавкат Шоимов хабар дод, масофаи лӯлаи интиқоли газ 60 километрро ташкил дода, соли оянда пас аз ҷудо шудани воситаҳои зарурӣ аз ҷониби давлат корҳои лоиҳакашии он оғоз мегарданд.

«Лӯлаи интиқоли гази дар Сарбанд мавҷудбудаи Қизилтумшуқ-Душанбе аз соли 1963 мавриди истифода ва дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, гузашта аз ин, аз рӯйи релйефи номусоид мегузарад, ки ба талафоти зиёд боис мегардад ва дар ин робита, сохтмони лӯлаи нав аз Сарбанд то Ёвон зарур аст», – иброз дошт вай.

Ба қавли ӯ, лӯлаи нави интиқоли газ бо иқтидори пешакии то 1 млрд. метри мукааб бо лӯлаи интиқоли гази амалкунандаи Ёвон-Душанбе пайваст мешавад, ки аз соли 1986 мавриди истифода ва дар ҳолати хубтаре нисбат ба лӯлаи интиқоли гази Қизилтумшуқ-Душанбе қарор дорад.

«Ин пешниҳод ҳанӯз соли гузашта садо дода, аз ҷониби ҳукумат дастгирӣ ёфт. Мо имсол тарҳи фанниву иқтисодии сохтмонро таҳия мекунем. Барои сохтмони лӯлаи нави интиқоли газ ҳудуди 40-50 млн. доллари ИМА зарур аст. Албатта, барои сохтмон сармоягузор хоҳем ҷуст», – зикр карданд дар «Тоҷиктрансгаз».

Дар корхона умедворанд, ки то замони анҷоми сохтмони лӯлаи нав дар Тоҷикистон ҷараёни истихроҷи саноатии гази табиӣ оғоз хоҳад шуд. Қобили зикр аст, ки имсол аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон умуман гази табиӣ ворид нашудааст. Феълан гази табиӣ ва нафти худӣ ҳамагӣ камтар аз 5%-и талаботи кишварро қонеъ месозанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...