«Тоҷиктрансгаз» аз Ёвон то Сарбанд лӯлаи интиқоли газ месозад

Солҳои наздик КВД «Тоҷиктрансгаз» ният дорад, ки аз Ёвон то Сарбанд як лӯлаи нави интиқоли газ бунёд кунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали директори КВД «Тоҷиктрансгаз» Шавкат Шоимов хабар дод, масофаи лӯлаи интиқоли газ 60 километрро ташкил дода, соли оянда пас аз ҷудо шудани воситаҳои зарурӣ аз ҷониби давлат корҳои лоиҳакашии он оғоз мегарданд. […]

Заррина Эргашева


Солҳои наздик КВД «Тоҷиктрансгаз» ният дорад, ки аз Ёвон то Сарбанд як лӯлаи нави интиқоли газ бунёд кунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали директори КВД «Тоҷиктрансгаз» Шавкат Шоимов хабар дод, масофаи лӯлаи интиқоли газ 60 километрро ташкил дода, соли оянда пас аз ҷудо шудани воситаҳои зарурӣ аз ҷониби давлат корҳои лоиҳакашии он оғоз мегарданд.

«Лӯлаи интиқоли гази дар Сарбанд мавҷудбудаи Қизилтумшуқ-Душанбе аз соли 1963 мавриди истифода ва дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, гузашта аз ин, аз рӯйи релйефи номусоид мегузарад, ки ба талафоти зиёд боис мегардад ва дар ин робита, сохтмони лӯлаи нав аз Сарбанд то Ёвон зарур аст», – иброз дошт вай.

Ба қавли ӯ, лӯлаи нави интиқоли газ бо иқтидори пешакии то 1 млрд. метри мукааб бо лӯлаи интиқоли гази амалкунандаи Ёвон-Душанбе пайваст мешавад, ки аз соли 1986 мавриди истифода ва дар ҳолати хубтаре нисбат ба лӯлаи интиқоли гази Қизилтумшуқ-Душанбе қарор дорад.

«Ин пешниҳод ҳанӯз соли гузашта садо дода, аз ҷониби ҳукумат дастгирӣ ёфт. Мо имсол тарҳи фанниву иқтисодии сохтмонро таҳия мекунем. Барои сохтмони лӯлаи нави интиқоли газ ҳудуди 40-50 млн. доллари ИМА зарур аст. Албатта, барои сохтмон сармоягузор хоҳем ҷуст», – зикр карданд дар «Тоҷиктрансгаз».

Дар корхона умедворанд, ки то замони анҷоми сохтмони лӯлаи нав дар Тоҷикистон ҷараёни истихроҷи саноатии гази табиӣ оғоз хоҳад шуд. Қобили зикр аст, ки имсол аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон умуман гази табиӣ ворид нашудааст. Феълан гази табиӣ ва нафти худӣ ҳамагӣ камтар аз 5%-и талаботи кишварро қонеъ месозанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?